Мунтахаби девон

Зи ҳиҷрони ту ҷонам мебарояд,
Бикун раҳме, макун, к-охир нашояд!
Фурӯ шуд рӯзам аз ғам, чанд гӯӣ
Ки мекун ҳилае, то шаб чи зояд?
Сияҳрӯйии ман чун офтоб аст,
Ба рӯз, охир, чароғе менабояд!
Ба як барфоби ҳаҷрат ҳамчунон шуд,
Ки аз хунам фуқаъҳо мекушояд.
Гирифтам, дар ғамат умре бипоям,
Чи ҳосил, чун замона менапояд?
Дар ин шабҳо дилам бо ишқ мегуфт,
Ки аз васлат чи гӯям, ҳеҷам ояд.
Ҳанӯз ин бар забонаш ногузашта,
Фироқат гуфт: оре, менамояд!
Онро, ки ғамат зи дар дарояд,
Мақсуди ду оламаш барояд.
Дар пои ту ҳар ки кушта гардад,
Аз кулли замона бар сар ояд.
Бо ранҷи ту роҳати ду олам
Дар чашм ҳаме муҳаққар ояд.
Худ гар сухан аз висол гӯӣ,
К-он кист, ки дар баробар ояд!
Кас нест, ки дар бисоти ишқат
Аз саффи ниол бартар ояд.
Моему сареву андаке зар,
То ишқи туро чи дархур ояд!
Пас бо ҳама дил бигуфта, к-эй мард
Ҳар-ч ояд, бар сару зар ояд!
Фуқаъ – нӯшокии махмуркунандае аз ҷав ё биринҷ.
Ниол – наълҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё