Мунтахаби девон

Дӯсте якдилам ҳамебояд,
Вагарам хуни дил хӯрад, шояд.
Худ нигаҳ мекунам ба модари даҳр,
То ба умре аз ин яке зояд.
Ҳеҷ кас нест зери даври фалак,
Ки на з-он беҳтарак ҳамебояд.
Даст гирди ҷаҳон баровардам,
Пои аҳле ба даст мен-ояд.
Анварӣ, рӯзгори қаҳти вафост,
З-ин хасон ҷуз ҷафо-т накшояд.
Бо касе гар вафо кунӣ ҳама умр,
Оқибат ҷуз ҷафот нанмояд!
Дил дар ҳавасат зи ҷон барояд,
Ҷон дар ғамат аз ҷаҳон барояд.
Гӯ, ҷону ҷаҳон мабош анде-к
Мақсуди ту аз миён барояд!
Судест тамом агар дилеро,
Як ғам зи ту ройгон барояд.
Ҳамхонаи ҳар ки шуд ғами ту,
Зудо, ки зи хонумон барояд!
В-он кас, ки фурӯ шавад ба кӯят,
Деро, ки аз ӯ нишон барояд.
Гӯӣ, ки агарчи ҳаст комам,
То коми дили фулон барояд.
Лекин зи забони ину он аст
Ҳар таъна, ки аз забон барояд.
Нашнидастӣ, чунон тавон мурд,
Эй ҷони ҷаҳон, ки ҷон барояд.
Дил таънаи ту бидид, бихрид,
То дидаи ину он барояд.
Арзон мафурӯш Анвариро,
Гар бозхарӣ, гарон барояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё