Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо бари ҳамчу сими содаи ӯ
Корам аз ишқ чун зари тар буд.

Гарчи шабҳои васл буд хушам,
Шаби дӯшин зи шакли дигар буд.

Ё ман аз ишқ зортар будам,
Ё зи ҳар шаб рухат накӯтар буд.

Кас надонад, ки он чи толеъ буд,
Ман надонам, ки он чи ахтар буд.

Аз фалак то ки субҳ рӯй намуд,
Анварӣ бо фалак баробар буд!


Эй дилбари айёр, туро ёр тавон буд!
Ғамҳои туро бо ту харидор тавон буд!

Бо доғи ту тан дар ситами чарх тавон дод,
Бо ёди ту андар даҳани мор тавон буд!

Бар бӯи гули васли ту соле на, ки умре
Аз дасти гули васли ту пурхор тавон буд!

Дар орзуи шаккару бодоми ту сад сол
Бар бистари темори ту бемор тавон буд!

Сад шаб ба таманнои висоли ту чу наргис
Бе наргиси бемори ту бедор тавон буд!

Он ҷо, ки муроди ту ба ҷон кард ишорат,
Бо хасми ту дар куштани худ ёр тавон буд!


Он чи бар ман дар ғами он номусулмон меравад,
Биллаҳ, ар бо муъмин андар кофаристон меравад!

Дил ба даллоли ғамаш додам, ба дастам боздод,
Гуфт: «Нақде деҳ, ки ин бо хок яксон меравад!»

Ончунон бемаъние корам ба ҷон оварду рафт,
Ин сухан дар ёри бемаънӣ, на дар ҷон меравад.

Гуфтам: «Аз беобии чашми замон аст ин магар,
Пешат оби ман кунун тира ба дастон меравад?»

пешина
аз 328
навбатӣ