Мунтахаби девон

Дил кадомӣ саг бувад ҷое, ки сад ҷони азиз
Дар рикоби камтарин шогирди сагбон меравад!
Дар тамошогоҳи зулфаш аз пайи тартиби ҳусн
Бод бо фармонравоӣ ҳам ба фармон меравад.
Бод боре зулфи ӯро чун ба фармон шуд чунин,
Деви зулфаш гар на бо муҳри Сулаймон меравад?
Ид будаст, он чи дар Кашмир мерафтаст аз ӯ,
Кори ин дорад, ки акнун дар Хуросон меравад!
Дар миёни оташи дил гарчи ҳар шаб то ба рӯз
Ҷонам аз ёди лабаш дар оби ҳайвон меравад,
Ҳар замон гӯяд, чи хориҷ меравад акнун зи ман,
Дам намеёрам задан, варна фаровон меравад!
Оби лутф аз ҷониби ӯ меравад бо Анварӣ,
Балки аз инсофу адлу доди султон меравад,
Хусрави офоқ, Зулқарнайни сонӣ – Санҷар, он-к
Қайсараш дар таҳти фармон ҳамчу хоқон меравад!
Оби ҷамол ҷумла ба ҷӯи ту меравад,
Хуршед дар ҷанибати рӯи ту меравад.
Эй дар рикоби зулфи ту сад ҷон пиёда беш,
Дил дар рикоби рӯи накӯи ту меравад.
Ҳар рӯз ҳаст бар сари кӯи аҷал ду ид,
Дардо аз он ки бар сари кӯи ту меравад!
Ҳар дам ҳазор хирмани ҷон беш мебарад
Боде, ки дар ҳимояти бӯи ту меравад.
Ҷон хоҳиям ба бӯсаву бозистӣ зи қавл,
Чунк-ин музоиқат ҳама сӯи ту меравад.
Дар хок менаҷӯям ҷаври замонаро,
Бо он, ки дар замона зи хӯи ту меравад.
Ранге намонд, Анварӣ, андар умеди васл
В-ин ранг ҳам зи ҳусни рукӯъи ту меравад!
Музоиқат – фишор, танг кардан.
Рукӯъ – хамидагии пушт; хам шудан дар намоз; таъзим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё