Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳон шуд аз мани бечора рози меҳнати ту,
Қазои бад зи ҳама кас ниҳон тавонад буд.

Хуш он, ки гӯӣ, чунӣ, ҳаметавонӣ, на,
Дар инчунин сару тӯшам тавон тавонад буд?

Агар зи ҳоли манат нест ҳеҷ гуна хабар,
Ки ҳоли ман зи ғамат бар чи сон тавонад буд?

Чаро агар ба ҳама умр нолае шунавӣ,
Ба таъна гӯӣ: кори фалон тавонад буд!

Ҷафо макун, чи кунӣ, баски дар мамолики ҳусн
Бароти аҳду вафо норавон тавонад буд.

Дар ин замона ҳар овоза, к-аз вафо фикананд,
Ҳама садои хуми осмон тавонад буд.

Агар зи аҳду вафо ҳеҷ мумкин аст нишон,
Дар ин ҷаҳон чу наёбӣ, дар он тавонад буд!


Он рӯзгор ку, ки маро ёр ёр буд,
Ман барканор аз ғаму ӯ дар канор буд.

Рӯзам ба охир омаду рӯзе назод низ,
З-он гуна рӯзгор, ки он рӯзгор буд.

Имрӯз нест ҳеҷ умедам ба кори хеш,
Падруд, дӣ, ки кори ман уммедвор буд.

Доим шумори васл ҳамебаргирифт дил,
Ин ҳаҷри бешумор куҷо дар шумор буд?

Бо рӯи чун нигори нигорам ҳазор шаб
Корам зи хуррамию хушӣ чун нигор буд

В-акнун ҳазор бор шабе бо дареғу дард
Гӯям, ки ё Раб, он чи нишоту чи кор буд?!


Дӯш то субҳ ёр дар бар буд,
Ғами ҳиҷрон чу ҳалқа бар дар буд.

Дасти ман буду гарданаш ҳама шаб,
Дӣ ҳама рӯз агарчи бар сар буд.

пешина
аз 328
навбатӣ