Мунтахаби девон

Ҳар ки дил бар чун ту дилдоре ниҳад,
Санг бар дил бе ту бисёре ниҳад.
В-он киро меҳнат гуле хоҳад шукуфт,
Рӯзгораш инчунин хоре ниҳад.
В-он ки ҷонаш ҳамчу дил набвад ба кор,
Хештанро бо ту дар коре ниҳад.
Туҳфа созад гаҳ-гаҳам дил он зариф,
Ораду дар дасти хунхоре ниҳад.
Нек мекӯшад, Худояш ёр бод,
Гӯ, ки рӯзе даст бар ёре ниҳад.
Ишқ гуфт: «Ин ҳаҷр боре кисту чист,
Худ касе бар дил аз ӯ боре ниҳад?»
Ёр пой андар миён хоҳад ниҳод,
То ба васлат рӯзи бозоре ниҳад.
Ҳаҷр гуфт: «Аз ҷониби ту рост шуд,
Ин-т савдову ҳавас, оре, ниҳад!»
Ёр пой андар миён нанҳад, валек
Анварӣ сар дар миён боре ниҳад!
Дӯш он, ки ҳама ҷаҳони мо буд,
Ороста меҳмони мо буд.
Савганд ба ҷони мо ҳамехӯрд,
Гарчанд балои ҷони мо буд.
Будаш ҳама хуррамию хубӣ,
Шукр Эзидро, ки они мо буд.
Аз толеъи саъди мо биронад
Фоле, ки на дар гумони мо буд.
Биншаст миёни мову бархост
Озор, ки дар миёни мо буд!
Ман он наям, ки маро бе ту ҷон тавонад буд,
Дили замонаву барги ҷаҳон тавонад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё