Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бандаро кай маҳалли он бошад,
К-он чи хоҳӣ ту, ҷуз чунон хоҳад?

Ба сари ту, ки ҷон диҳад банда,
Гар дили ту зи банда ҷон хоҳад.

Як замон аз ту дур бод дилам,
Гар ба ҷон соате замон хоҳад.

В-ин ҳама ҳаст, ҳам амон диҳамаш,
Аз фироқи ту гар амон хоҳад.

Худ ҳамин аст одати маъшуқ,
К-он чи хоҳӣ ту, ӯ ҷуз он хоҳад!


Ёрам ин бор бор менадиҳад,
Бахт корам қарор менадиҳад.

Хоби бахтам дароз шуд, магараш
Чарх ҷуз кӯкнор менадиҳад?

Рӯзгорам зи боғи «бӯ-к»-у «магар»
Гул нагӯям, ки хор менадиҳад.

Бахт ёрӣ намедиҳад, не, не,
Ин баҳона-ст, ёр менадиҳад!

Нек ғамнокам аз замона, аз он-к
Ҷуз ғамам ёдгор менадиҳад.

Ин ҳама ҳаст худ, валекин ин-к
Бо ғамам ғамгусор менадиҳад.

З-он ки то дил ба гиря хуш накунам,
Ашк бе интизор менадиҳад.

Анварӣ, дил зи рӯзгор бибур,
Ки даме рӯзгор менадиҳад.

Ҳеҷ касро зи сокинони замин
Осмон зинҳор менадиҳад!

Кӯкнор – маводи хобовари мадҳушкунанда.
Бӯ-к – кӯтоҳи «бошад, ки», шояд, магар.

пешина
аз 328
навбатӣ