Мунтахаби девон

Зулфаш андар ҷавр талқин мекунад,
Рух пиёда, асп фарзин мекунад.
Дар рикобаш ҳусн хоҳад рафтагар,
Аспи ҳусн ин аст, к-ӯ зин мекунад!
Бар камолаш хатти нуқсон мекашад,
Ҳар ки андар ҳусн таҳсин мекунад.
Ба руху дандон-ш рӯзу шаб фалак
Пӯстини Моҳу Парвин мекунад.
Бар сари бозори ишқаш дар тавоф
Дил кунун даллолии дин мекунад.
Бо чунин тамкин набошад кори хурд,
Гар фалакро ҳеҷ тамкин мекунад.
Ҳар чи дасташ дартавонад шуд зи ҷавр,
Бар мани маҳҷури мискин мекунад.
Айши талхи ман кунад маълуми халқ,
Гарчи бозиҳои ширин мекунад.
Бо кӣ хоҳад кард аз гетӣ вафо,
К-аз ҷафо бо Анварӣ ин мекунад!
Оламе дар раҳи ту ҳайронанд,
Пешу пас ҳеҷ раҳ намедонанд.
Ақлу фаҳм, арчи ҳарду тезраванд,
Чун ба корат расанд, дармонанд.
Ҷону дил гарчи иззате доранд,
Бар дари ту ғулому дарбонанд.
Дӯстонро агарчи дард зи туст,
Марҳами дарди худ туро донанд.
В-арчи фарёдхон шаванд аз ту,
Ҳам ба фарёди худ туро хонанд!
Гар туро дил ҳаме чунон хоҳад,
Ки дил аз банда ройгон хоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё