Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарчи пеш аз ваъда савгандон хурад,
Он ҳам аз пешам фаротар мекунад.

Гуфтамаш: «Бас мекунад чашмат ҷафо»,
Гуфт: «Некӯ мекунад, гар мекунад!»

Ақлро чашми хушаш дар нарди ишқ
Медиҳад шашзарбу шашдар мекунад...

Чун кунӣ, хокаш ҳамебӯс, Анварӣ,
Гарчи бо хокат баробар мекунад!


Ҳусни ӯ ишқи ман афзун мекунад,
Ишқи ӯ ҳолам дигаргун мекунад.

Ғамзае аз чашми хунхораш маро
Заҳра кард обу ҷигар хун мекунад.

Хандаи он лаъли исодам маро
Ҳар даме аз гиря Қорун мекунад.

Бар танам як мӯй аз ӯ озод нест,
Ман надонам, то чи афсун мекунад.

Ҳусни ӯ дар нарди хубӣ дов хост,
Хатташ акнун дов афзун мекунад.


Ёр дар хубӣ қиёмат мекунад,
Ҳусн бар хубон ғаромат мекунад.

Дар қимори ҳусн бо моҳи тамом
Даъвии дови тамомат мекунад.

Аз камони абрувон кард, он чи кард,
Войи он, к-аз тири қомат мекунад.

Фитна бар фитна-ст з-ӯву ҳамчунон
Ғорати сабру саломат мекунад.

Бешак, аз ҳуснаш надорад огаҳӣ,
Ҳар ки дар ишқам маломат мекунад.

В-аз накӯрӯӣ чу шеъри Анварӣ
Ростӣ бояд, қиёмат мекунад!

Шашзарбу шашдар – мот дар нард; беилоҷӣ.
Дов – омади кор, барори кор дар бозиҳо.

пешина
аз 328
навбатӣ