Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо чунин эътимод бар хубӣ
Накунад ноз, пас чи кор кунад?!

Чашмаш аз пешаҳо ҷафо донад,
Зулфаш аз корҳо шикор кунад.

Ин дуо хуш бар остин бандад,
В-ин сазо нек дар канор кунад.

Дилу динам бибурду суд кунам,
Гар бар ин моя ихтисор кунад.

Бор каш, Анварӣ, ки ёр гар ӯст,
З-ин батар сад ҳазор бор кунад!


Маъшуқ дил бибурду ҳаме қасди дин кунад,
Бо ошнову дӯст касе инчунин кунад?

Чун дар рикоби аҳду вафо меравад дилам,
Беҳуда аспи ҷавру ҷафо чанд зин кунад?

Дил пӯстин ба гозури ғам доду турфа он-к
Рӯзу шабам ҳанӯз ҳаме пӯстин кунад.

Гӯяд, ки доман аз туву аҳди ту даркашам,
То ишқи ман сазои ту дар остин кунад.

Аз осмон то ба замин миннат аст, агар
Бо ину он ҳадиси ман андар замин кунад.

Чизе дигар ҳаме нашиносам дар ин ҷуз он-к
Боре гумони халқ ба як раҳ яқин кунад.

Бар ях навишт номи вафо, к-Анварӣ чаро
Номам зи баҳри мартаба нақши нигин кунад?


Дил ба ишқаш рух ба хун тар мекунад,
Ҷон зи ҷавраш хок бар сар мекунад.

Мехурад хуни дилу дил ишваҳо-ш
Мехурад чун нӯшу бовар мекунад.

Рикоб – силсила, қофила, гурӯҳ.
Гозур, козур – шустагар, либосшӯй.

пешина
аз 328
навбатӣ