Мунтахаби девон

Озодагони рӯи заминаш раҳӣ шаванд,
Гар роҳи саркашию такаббур раҳо кунад.
Аз коми дил раҳо кунадаш дасти рӯзгор,
Онро, ки дасти ишқи вай аз дил ҷудо кунад.
Азбаски кибриёи ҷамол аст дар сараш,
Бар ошиқон салом ба кибру риё кунад.
Гар фавт гардадаш ҳамаи умр, як ҷафо
Хӯи бадаш қарор нагирад, қазо кунад!
Навбати ҳусни туро лутфи ту гар панҷ кунад,
Ишқи ту хоки талаф бар сари ҳар ганҷ кунад.
Қиблаи рӯи туро ҳар ки шабе бурд намоз,
Чор такбири дигар рӯз бар ин панҷ кунад.
Наргиси масти ту ҳушёртарин мурғеро
Сина чун нор кунад, чеҳра чу норанҷ кунад.
Ақл барсахт лабатро ба сухан гуфт, ин аст,
Он ки дар маҳд ҳаме тифл сухансанҷ кунад!
Руху асбе биниҳад рӯзу рухатро он кас,
К-аз маҳи якшаба ҳар маҳ рухи шатранҷ кунад.
Ғаму ранҷи ту агар ному нишонам бибарад,
Бе ғаму ранҷ мабодам, агарам ранҷ кунад.
Домани чун ту парӣ дасти гуҳар гираду бас,
Вои он кас, ки тамаъ дар ту ба найранҷ кунад!
Гар вафо бо ҷамоли ёр кунад,
Ҳалқа дар гӯши рӯзгор кунад.
Моҳ даст аз ҷамол бифшонад,
Гар ба ин пой устувор кунад.
Нозҳо мекунад ҷафоомез
В-ар ба номи яке ҳазор кунад.
Фавт гардадаш – аз дасташ биравад.
Найранҷ – найранг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё