Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Манеҳ бар кори ин бечорагон пой,
Чи хоҳӣ кард, муште зердастанд!


Ҳар киро ишқат ба ҳам бармезанад,
Оқибат чун ҳалқа бар дар мезанад.

Толеъе дорӣ, ки аз дасти ғамат
Ҳар киро дастест, бар сар мезанад.

Дар ҳавои ту малак пар бифканад,
Инчунин к-ат ҳусн бар дар мезанад.

Ман киям, к-аз ишқи ту бар сар занам,
Бар сар аз ишқи ту Санҷар мезанад!

Ишқро дар сар макун ҷавру ҷафо,
Ишқ бо мо худ баробар мезанад.

Ройи васлат хостам з-ӯ, ҳаҷр гуфт:
«Ин ҳариф ин нақш камтар мезанад!»

Дарди ҳиҷронат гарам ашке диҳад,
Ишқ сад борам ба сар бармезанад.

Ин на бас, к-аз айши талхи ман лабат
Хандаи ширин чу шаккар мезанад!

Тири ғамза-тро бигӯ, оҳистатар,
Гар на андар рӯи кофар мезанад!

Ту нишаста фориғ андар гӯшае
В-ин дуогӯ ҳалқа бар дар мезанад.

Ошиқе ҳаргиз мабод андар ҷаҳон,
Ошиқе бо кофаре бармезанад!

Аз ту хубӣ чун сухан аз Анварӣ,
Ҳар замоне лофи дигар мезанад!


Ҳар-ч аз вафо ба ҷони ман он бевафо кунад,
Онро вафо шуморам, агарчи ҷафо кунад.

Бо он ки ҷуз ҷафо накунад, кор кори ӯст,
Ё Раб, чи корҳо кунад ӯ, гар вафо кунад!

пешина
аз 328
навбатӣ