Мунтахаби девон

Шуд тавонгар ҷонам аз темору ғам,
З-он дили бесабру дарвешам намонд.
То гирифтам ошноӣ бо ғамат,
Дар ҷаҳон бегонаву хешам намонд.
Чун кунам, тадбири корат, чун кунам,
Чун дили тадбирандешам намонд.
Анварӣ, то кай аз ин кофарбача,
К-эътиқоди мазҳабу кешам намонд!
Дарди ту, дило, ниҳон намонад,
Андӯҳи ту ҷовидон намонад.
Аз ишқ машав чунин шукуфта,
К-он рӯи накӯ чунон намонад!
Овозаи ту фурӯ нишинад
В-аз меҳнати ту нишон намонад.
Гар бо ҳама кас чунин кунад дил,
Як дилшуда дар ҷаҳон намонад.
Аз дарди ту дил намонду бим аст,
К-аз бераҳмӣ-т ҷон намонад!
Аз кори ҷаҳон карона, эй дил,
К-озор дар ин миён намонад!..
Дар ҳама офоқ дилдоре намонд,
Дар ҳама рӯи замин ёре намонд.
Гул намонд андар ҳама гулзори ишқ,
Ростӣ бояд, на гул, хоре намонд!
Ақл бо дил гуфт, к-андар боғи ишқ
Гарчи бар шохи вафо боре намонд,
Ёдгоре ҳам намонд охир аз он
Дил ба боде сард гуфт: «Оре, намонд!»
Дар ҷаҳон як ошно нагзошт чарх,
Чархро, гӯӣ, ҷуз ин коре намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё