Мунтахаби девон

Ҳаҷри ту бар ман ҳаме ҷаҳон бифурӯшад,
Гӯ, макун, охир, ҷаҳон чунин бинамонад!
Домани ман гар ба дасти ишқи нигорест,
Васл чи доман зи кори ман бифишонад?
Рав, ки чунин хоҳамат, ки тан занӣ, эй васл,
То бикунад ҳаҷр ҳар ҷафо, ки тавонад!
Маро маранҷон, к-эзид туро биранҷонад,
Зи ман магард, ки аҳволи ту бигардонад.
Дар он макӯш, ки оташ зи ман барангезӣ,
Ки оби дидаи ман оташи ту биншонад.
Агар надонӣ ҳоли дилам, раво бошад,
Худои аззаву ҷал ҳоли ман ҳамедонад.
Маро ба бандагии худ қабул кун з-он пеш,
Ки ҳар ки дида маро, бандаи ту мехонад.
Мабош эмин бар ҳусну комронии хеш,
Ки ҳар чи гардун бидҳад, замона бистонад!
Ҳусни ту гар бар ҳамин қарор бимонад,
Қоидаи ишқ устувор бимонад.
Аз рухи ту, гар бар ин ҷамол бимонӣ,
Бас ғазали тар, ки ёдгор бимонад.
Ҳар нафас аз чарх Моҳро ба тааҷҷуб
Чашм дар он рӯи чун нигор бимонад.
Бе ту маро, дар канорам ар бинамонӣ,
Хуни дилу дида дар канор бимонад.
Аз ғами ту дар дилам қарор намондаст,
Бо ғами ту дар диле қарор бимонад?
Тоқати ишқи ту з-ин бешам намонд,
Беш аз ин бе ту сари хешам намонд.
Рост мехоҳӣ, нахоҳам бе ту умр,
Барги гуфтори камобешам намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё