Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун мизоҷи дилам ҳамедонӣ,
Ки надонад шикебу натвонад.

Бо хаёлат, бигӯ, нахоҳам дод,
То ба гӯши дилам фурӯ хонад.

Анварӣ бар бисоти гетӣ кист,
Ки на нобохта ҳамемонад?


На дар висоли ту бахтам ба коми дил бирасонад,
На дар фироқи ту чархам зи хештан бираҳонад.

Чу барнишинад умрам, маро куҷо бинишонад,
Агар замона бихоҳад, ки бо туам бинишонад.

Зи ман мапурс, ки бе ман замона чун гузаронӣ,
Аз он бипурс, ки бар ман замона мегузаронад.

Маро магӯй, зи рӯям чи ғам расида ба рӯят,
Расид, он чи расиду ҳанӯз то чи расонад.

Диле бибурд, ки як лаҳза бозменафиристад,
Ғаме бидод, ки як зарра бозменаситонад.

Маро ба дасти ту чун ишқ боздод, вафо кун,
Ҷафо макун, ки ҳамеша ҷаҳон чунин бинамонад.

Бибурд ҳалқаи зулфат дилам ниҳон зи ду чашмат,
Чунон ки бонг барояд, ки ин кӣ карду кӣ донад!

Ба ғамза чашми ту гуфташ, ки гар ту дорӣ, варна
Ман ин надонаму донам – ба корҳои ту монад!


Ҳар чи маро рӯи ту ба рӯй расонад,
Нохушу хушдил ба рӯи хуш биситонад.

Ҳаст ба рӯят ниёзам аз ҳама рӯе,
Гарчи ҳама меҳнате ба рӯй расонад.

Дар ғами ту сар ҳаме зи пой надонам,
Гар ту надонӣ, мадон, Худои ту донад.

Рағми касеро ба хона гарчи нишинӣ,
К-оташи дилро ба оби дида нишонад?

пешина
аз 328
навбатӣ