Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дил эмин дору бардор Анвариро,
К-аз ӯ беҳтар вафодоре набошад.

Гар аз пайванди ӯ фахре-т, набвад
Чунин донам, ки ҳам оре набошад.

Гарон он кас барояд бар ту, к-ӯро
Чу Маҷдуддин харидоре набошад.


Маро гар чун ту дилдоре набошад,
Ҳазорон дарди дил боре набошад.

Чу ту ё кам зи ту ёре тавон ҷуст,
Чи бошад, гар ситамкоре набошад.

Маро гӯӣ, ки дар бустони ин роҳ
Гуле бе заҳмати хоре набошад…

Агарчи пеши ёрон гӯям аз шарм,
К-аз ӯ хушхӯйтар ёре набошад,

Ту худ донӣ, ки аз ту булъаҷабтар
Ситамкоре, дилозоре набошад!

Чи гуна даст ёбад бар ту он кас,
К-аш андар киса диноре набошад?

Чу андар ҳеч коре посухи ман
Зи гуфтори ту худ «оре» набошад.

Агар фориғ бувад сангин дили ту
Зи бахти ман, аҷаб коре набошад!


Бе ишқи туам ба сар нахоҳад шуд,
Бо хӯи ту хӯй дарнахоҳад шуд.

Оваҳ, ки ба ҷуз хабар намонд аз ман
В-аз ҳоли манат хабар нахоҳад шуд.

Гуфтам, ки ба сабр беҳ шавад корам,
Худ менашавад, магар нахоҳад шуд.

Гирам, ки зи бад батар шавад, гӯ, шав,
Донам, зи батар батар нахоҳад шуд

пешина
аз 328
навбатӣ