Мунтахаби девон

Аз балои ту чун тавон бигрехт,
Чун дилам бар ту мубтало бошад.
Бо балову ғами ту арз кунам,
Гар ҷаҳон сар ба сар маро бошад.
На чу ширин лабат шакар бошад,
На чу равшан рухат Қамар бошад.
Бо суханҳои талхи чун заҳрат
Айши ман хуштар аз шакар бошад.
Ту ба зар моиливу нест аҷаб,
Майли хубон ҳама ба зар бошад.
Кори ошиқ ба сим гардад рост,
Ишқи бе сим дарди сар бошад.
Доим аз нестии ишқи туам
Ҳарду лаб хушку дида тар бошад.
Дар фироқи ту ошиқони туро
Ҳама шабҳои бесаҳар бошад.
Ишқу ифлосдар мусулмонӣ
Сад раҳ аз кофарӣ батар бошад!
Туро, к-аз некувон ёре набошад,
Маро назди ту миқдоре набошад.
Набошад давлати васлат касеро,
В-агар бошад, маро боре набошад.
Туро гар кори ман доман нагирад,
Зи бахти ман аҷаб коре набошад.
Гуле бишкуфт боре ин замонам,
Агар дар зери он хоре набошад.
Маро, к-андар гуноҳи худ диле нест,
Туро бар дил аз он боре набошад.
Ба бозоре, ки ҷонро нархи хок аст,
Дилеро рӯзи бозоре набошад.
Ифлос – камбағалӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё