Мунтахаби девон

Аз васли ту оташи ҷигар хезад
В-аз ҳаҷри ту нолаи саҳар хезад.
Саргаштаи олами ҳавои ту
Ҳар рӯз зи олами дигар хезад.
Девонаи зулфу хастаи чашмат
Ҳар фардое зи дӣ батар хезад.
Гӯӣ, ба ҳалоки ҷон-т бархезам,
Бархоста гир, аз ин чи бархезад.
Ҳангоми қиём хоки поятро
Хуршеди фалак ба фарқи сар хезад,
Маҳ, чун саги посбонат, ар хоҳӣ,
Ҳар лаҳза зи остони дар хезад!..
Гӯӣ, чу зар аст Анвариро, бас,
В-аз кисаи ӯ зар ин қадар хезад!
Даст дар васли ёр менарасад,
Ҷуз ғамам з-он нигор менарасад.
Ишқро гарчи остона басест,
Ҳеҷ дар интизор менарасад.
Аз шумори висоли дӯст маро
Ҷуз ғами бешумор менарасад.
Дар ғами ҳаҷр сабри ман бирасад,
Дил ба мақсуди кор менарасад.
Чанд дар интизор хоҳӣ монд,
Хабари васли ёр менарасад.
Ҳар чи бо ман кунӣ, раво бошад,
Барги озори ту киро бошад?
Чун ту дар айшу хуррамӣ бошӣ,
Гар набошад раҳӣ, раво бошад.
Чанд гӯӣ, ки аз бало бигрез,
Ки раҳи ишқи ту бало бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё