Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баргир шумори ҳусни хеш, охир,
То бӯсу канор бар шумор арзад.

Гӯӣ, ки ба сад чу Анварӣ арзам,
Оре, шаба дурри шоҳвор арзад!


Ҷоно, даҳони тангат сад тунги шаккар арзад,
Андоми симрангат хирворҳо зар арзад.

Ҳарчанд дилрабоӣ, зулфат ба ҷон харидам,
К-овози мурғи ҷонон шохи санавбар арзад.

Бо ошиқони кӯят лофе занем гаҳ-гаҳ,
Он дил куҷост моро, к-андӯҳи дилбар арзад.

Аз ишқи рӯи хубат об оварам зи дида,
Кишти биҳишти хуррам корези Кавсар арзад.

Гӯянд, мулки Санҷар аз Қоф то ба Қоф аст,
Бӯсе аз он лаби тар сад мулки Санҷар арзад!


Дарди ту сад ҳазор ҷон арзад,
Гарди ту нури дидагон арзад.

Ман ғаматро баҳо ба ҷон накунам,
Ки бар онам, ки беш аз он арзад!

Гарчи бар манязиди ишқ ғамат
Дилу ақлу тану равон арзад.

Ҳаҷри ту бар умеди васл хуш аст,
Дузди матбах ҷазои хон арзад!

Аз зарифон, бахоса, аз чу туе
Қасди ҷоне ҳазор ҷон арзад!

Дурд аз чокарат дареғ мадор,
Саги кӯи ту устухон арзад.

Ёд кун бандаро ба ёдкуне,
Дузд дашноми посбон арзад!

Шаба – санг, муҳраи сиёҳи нарму дурахшон.

пешина
аз 328
навбатӣ