Мунтахаби девон

Ҳар ғам, ки на аз миёни дил хезад,
Пиндорӣ, аз ӯ канор мегирад.
Умре ба баҳонаи видоъ ӯро
Мебӯсаду дар канор мегирад.
Оре, ғами ишқ агар ба ҳақ гӯӣ,
Дилро на ба ихтиёр мегирад.
Дил роҳи салоҳ барнамегирад,
Кардам ҳама ҳила, дар намегирад.
Маъшуқа дигар гирифту дигар шуд,
Дил ҳар чи кунад, дигар намегирад.
Алҳақ, на дурӯғ, рост бояд гуфт,
Маъзур бувад, агар намегирад.
Ман тахтаи ошиқӣ зи сар гирам,
Ҳарчанд ки ӯ зи сар намегирад.
Додам дилу ҷон ба бод дар ишқаш,
Моро ба ду ҳабба барнамегирад!
На ваъдаи васлат интизор арзад,
На хамри ҳавои ту хумор арзад.
Ҳамтабъи замонаӣ, ки нашкуфтаст
Касро зи ту ҳеҷ гул, ки хор арзад.
Барбоди ту дод рӯзгорам дил
В-он чист туро, ки рӯзгор арзад?
Мансуба манеҳ, ки бо дағои ту,
Ҳаққо, ки агар на шаш, чаҳор арзад.
Гӯӣ ба ҳазор ҷон диҳам бӯсе,
Зеро ки яке ба сад ҳазор арзад
В-он ҷо, ки каноре андарафзоӣ,
Сад мулки замона як канор арзад.
Ҳабба – дони гандум, ҷав ва ғайра; маҷозан ҳеҷ.
Мансуба – бозии моҳиронаи шатранҷ; маҷозан тадбири нозук.
Дағо – макр, найранг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё