Мунтахаби девон

Сад ғам аз ишқи ӯ фузун дорад,
Анварӣ гар шумор баргирад.
Гар диҳад бӯсаеву гар надиҳад,
Андар он сад ғами дигар гирад!
Ҳар киро бо ту кор даргирад,
Баҳра аз рӯзгор баргирад.
Ба сухан лаб зи ҳам чу бикшоӣ,
Ҳама рӯи замин шакар гирад.
Чун занад ғамза чашми ғаммозат,
Ду ҷаҳонро ба як назар гирад.
Чашми ту оҳуест бас нодир,
Ки ҳама сайд шери нар гирад!
Маро сурат намебандад, ки дил ёре дигар гирад,
Маро бекор бигзорад, сари коре дигар гирад.
Дили худро диҳам панде, агарчи панд напзирад,
Ки бигзорад, ҳавои ӯ ҳаводоре дигар гирад.
Аз ӯ дурӣ наёрам ҷуст, тарсам з-он ки ногоҳе
Хӯрад зинҳор бо ҷонам, вафодоре дигар гирад.
Агар з-он лаъли шаккарбор бифрӯшад ба ҷон мӯе,
Ризои ӯ биҷӯяд ҷон, харидоре дигар гирад.
Гули боғи висолашро раҳо кардам ба нодонӣ,
Ба ҷойи гул зи ҳаҷри ӯ ҳаме хоре дигар гирад.
На дил ғами ишқи ёр мегирад,
На бо дигаре қарор мегирад.
Аз дасти ту он сиришк меборам,
К-ангушт аз ӯ нигор мегирад.
Сармояи сад ҳазор ғам беш аст
Онро, ки ба ғамгусор мегирад.
Сабре на, ки созгори дил бошад,
Бо ғам, ба чи кор кор мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё