Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама тавқеъҳоро кард ботил,
Лабаш аз мушк чун туғро баровард.

Ҳамесоз, Анварӣ, бо дарди ишқаш,
Ки халқ аз ишқи ӯ ово баровард.


Боз дастам ба зери санг овард,
Боз пойи дилам ба чанг овард.

Бурд ланге ба роҳворе пеш,
Пешам азбаски узри ланг овард.

Пой дар сулҳ нониҳода ҳанӯз,
Ноз аз сар гирифту ҷанг овард.

Чун гул аз нозукӣ зи боди ҳаво
Чок зад ҷома бозу ранг овард.

Хоби харгӯш дод якчандам,
Оқибат одати паланг овард.

Хӯи некаш ба рӯзгор охир,
Бар дилам рӯзгор танг овард.

Анвариро чу ному нанг бибурд,
Рафту даъвои ному нанг овард.


Ҳуснаш аз рух чу парда баргирад,
Моҳ «вохиҷлатоҳ!» даргирад.

Чун ғами ӯ дарояд аз дари дил,
Сабри бечора роҳ баргирад.

Шоҳиди ҷонаму дилам ғами ӯст,
К-ин ба по орад, он зи сар гирад.

Ишқ умрам бибурду ишва бидод,
То бубинӣ, ки сарбасар гирад.

Дил ҳамегӯядам ба боқии умр
Бӯсае хоҳ, бӯ, ки даргирад!

Тавқеъ – амр, ҳукм.
Туғро – ба маънии хат.
Бӯ – бошад, шояд; умедворӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ