Мунтахаби девон

Бо ту кулаҳ бинҳаму сар бар саре,
Гарчи набояд кулаҳам аз ду бурд.
Чист туро, он на сазовори ишқ,
Гир, ки хубею бузурге бимурд.
Ҳусни ту ҳамчун сухани Анварӣ
Равнақи бозори ҷаҳоне бибурд.
Эй монда ман аз ҷамоли ту фард,
Ҳиҷрони ту ҷуфти меҳнатам кард.
Чашмест марову сад ҳазор ашк,
Ҷонест марову як ҷаҳон дард.
Гардуни кабудпӯш кардаст
Дар ҳаҷри ту офтоби ман зард.
Дар кори ту ман ҳанӯз гармам,
Ҳон, то накунӣ дил аз вафо сард.
Ҷуфти ғамаму хуш аст, оре,
Анде, ки манам зи дарди ту фард.
Бо миннати чун туе тавон сохт,
Заҳри ғами чун туе тавон хӯрд!
Ҷамолаш аз ҷаҳон ғавғо баровард,
Маҳ аз ташвирвовайло баровард.
Чу дил додам бад-ӯ, ҷон хост аз ман,
Чу гуфтам бӯсае, сафро баровард.
Зи беобиву шӯхӣ дар замона
Ҳазорон фитнаву ғавғо баровард.
Ғаму темори ишқаш ошиқонро
Ҳам аз дину ҳам аз дунё баровард.
Надидам аз висолаш ҳеҷ шодӣ,
Фироқи ӯ димор аз мо баровард.
Сафро – маҷозан, рӯ туруш кардан; ҳарфи талх гуфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё