Мунтахаби девон

Бурд аз хидмати султонам, аз он метарсам,
Ки кунун хуш-хушам аз тоати Яздон бибарад!
Сабр кун, эй дил, ки он бедоди ҳиҷрон бигзарад,
Роҳати тан чунки бигзашт, офати ҷон бигзарад.
Хештан дар банди неку бад макун, аз баҳри он-к
Зишту хубу васлу ҳиҷрон, дарду дармон бигзарад.
Рӯзгоре мегузор имрӯз аз он навъе, ки ҳаст,
К-он чи мардум бар худ осон кард, осон бигзарад.
То дар ин даврӣ, зи дорую зи дармон чора чист,
Сабр кун чандон, ки ин даврони дунон бигзарад.
Гарчи маҳҷурам, тан андар дарди хиҷрон кай диҳам,
Рӯзе охир ёди мо бар ёди ҷонон бигзарад.
Гарчи дар паймони туст ин дам, чунон ғофил мабош,
К-ин ҷаҳони мухтасарободи вайрон бигзарад.
Моҳрӯё, такя бар ишқи ману хубии хеш
Бас макун, зеро, буто, ҳам ину ҳам он бигзарад.
Шарм дор, охир, ки ҳар дам алғиёси Анварӣ
Тоза бар самъи бузургони Хуросон бигзарад.
Ишқи туро хурд набояд шумурд,
Ишқи бузургон набувад кори хурд.
Бори ту ҳар кас натавонад кашид,
Хори ту ҳар пой наёрад сипурд.
Чун ба ғанимат нашуморам ғамат,
Аз ту тавон ғам ба ғанимат шумурд.
Чун зи пайи туст, чи шодӣ, чи ғам,
Чун зи майи туст, чи софӣ, чи дурд.
Боре аз он пой шавам поймол,
Боре аз он даст барам дастбурд.
Алғиёс – доду фарёд, талаби ёрӣ.
Сипурд – аз сипардан, паймудан; зери по кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё