Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ишқам ин бор ҷон бихоҳад бурд,
Бурд номам, нишон бихоҳад бурд.

Дар ғамат, бо гаронрикобии сабр,
Дил зи дастам инон бихоҳад бурд.

Мавҷи тӯфони фитнаи ту на дер
Оқибат аз ҷаҳон бихоҳад бурд.

Наргиси чашму сарви қомати ту
Зинати бӯстон бихоҳад бурд.

Руху дандони чун Маҳу Парвин-т
Равнақи осмон бихоҳад бурд.

Бо ҳама дил бигуфтаам, ки маро
Ғами ишқи ту ҷон бихоҳад бурд.

Ман худ андар миёна мебинам,
Ки замон то замон бихоҳад бурд.

Чи кунам, гӯ, бибар, гар ӯ набарад,
Рӯзгор аз миён бихоҳад бурд!

Дар баҳори замона барге нест,
Ки на боди хазон бихоҳад бурд.

Анварӣ, гар ҳарифи нард ин аст,
Надабат ройгон бихоҳад бурд!


Ҳалқаи зулфи ту бар гӯш ҳаме ҷон бибарад,
Дил бибурд аз ману бим аст, ки имон бибарад.

Дар сари зулфи ту ҷуз ҳалқаю чин хосиятест,
Ки ҳаме ҷону тану дину дилам он бибарад.

Худ дил аз зулфи ту душвор тавон дошт нигоҳ,
Ки ҳаме зулфи ту аз роҳ дил осон бибарад.

Аз хами зулфи ту сомони раҳоӣ набувад
Ҳеҷ дилро, ки ҳаме сахт ба сомон бибарад.

Ишқи зулфи ту чу султони дилам шуд, гуфтам,
К-ин маро зуд, ки аз хидмати султон бибарад!

Надаб – гарав, шарт.

пешина
аз 328
навбатӣ