Мунтахаби девон

Ақлро гуфтам, ки пинҳон шав, бирав,
К-ин ҳама пайдову пинҳонам бибурд.
Гуфт, агар ин бор даст аз ман бидошт,
Боз бозомад, ба дастонам бибурд.
Анварӣ, чанд аз шикоятҳои ишқ,
К-ӯ фулон бигзашту баҳмонам бибурд,
Ин ҳама бигзор, мегӯй, Анварӣ:
Орзӯи рӯи ту ҷонам бибурд!
Бидидам ҷаҳонро, навое надорад,
Ҷаҳон дар ҷаҳон ошное надорад.
Бад-ин моҳи заррин-ш дар хайма мангар,
Ки дар андарун бӯрёе надорад.
Ба умре аз он хилватӣ даст надҳад,
Ки берун аз ин хайма ҷое надорад.
Ба нодир агар бозие рост бозад,
Набошад, ки бо он дағое надорад.
Наояд ба санге-дар ангушти пое,
Ки то ӯ дар ӯ даступое надорад.
Ба маъшуқ натвон гирифтан касеро,
Ки то ӯст, бо кас вафое надорад.
Бикаш, Анварӣ, даст аз хони гетӣ,
Чунин чарбу ширин абое надорад!
Буте дорам, ки як соат маро беғам набигзорад,
Ғаме, к-аз вай дилам бинад, футӯҳи умр пиндорад.
Насиҳатгӯ маро гӯяд, ки баркан дил зи ишқи ӯ,
Намедонад, ки ишқи ӯ раге бо ҷони ман дорад.
Маро гӯяд: «Биёзорам, агар ҷон дар ғамам надҳӣ!»
Чи гӯӣ, ҷон бад-он арзад, ки ӯ аз ман биёзорад?
Натобам рӯй аз ӯ ҳаргиз, агарчи дар ғами рӯяш
Маро чархи куҳан ҳар дам балое нав ба рӯй орад!
Або – ғизо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё