Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ин ҷо ҳам сабаби ҳаҷв маълум намегардад :
Ман зи худованди ту наяндешам эч, Илми туро беш нагирам ба ҳор.
З-он ки нуҳоз асту туӣ гўсфанд, Он нуҳозат бикушад зинҳор!

Китъаи зайли Аҳмади Ушнонӣ низ хеле ҷолиб мебошад.
Шоир дар он бухли миреро ба таври муболиғаомез мазаммат намудааст :

Гаштам ҷаҳону дидам миреро
Бар ним нон ду ҷой зада мисмор,
К-аз бими бухли ў ба дусад фарсанг
Гунҷишк бар замин назанад минқор.

Абёти парокандаи ҳаҷвӣ дар осори боқимондаи Шаҳиди Балхӣ, Абулаббос, Муродӣ ва амсоли онҳо низ ба назар мерасад. Дар аксари он абёт намуди зоҳирии ашхос ҳаҷв мешавад. Масалан, дар байтҳои Шаҳиди Балхӣ ришу бинӣ, Абулаббос – риш, Тайёни Марғазӣ - чашм, мижгон, мўй мавриди мазаммат қарор дода шудаанд. Ҳамчунин дар ин абёт дашному фуҳшҳои қабеҳ ё алфози ракик истифода шудаанд. Ин ҳама аз ривоҷи ҳаҷви шахсӣ гувоҳӣ медиҳад.
Намунаҳои боқимондаи ҳаҷвиёти шоирони ин давра, ки ғолибан аз такбайтҳо иборатанд, имкон намедиҳанд, ки дар бораи навъҳои ҳаҷв, ҳазл, танз17 дар адабиёти ин давра баҳс шавад. Бо вуҷуди ин аз осори боқимондаи адабиёти ин давра баъзе намунаҳои ҳазлу танзро ҳам метавон дарёфт намуд. Аз ҷумла дар рубоии зайли устод Рўдакӣ матолиби ишқӣ пайваста бо ҳазлу мутоябаи нозуку ширин баён шудааст :

Дидор ба дил фурухт, нафрухт гарон,
Бўса ба равон фурўшаду ҳаст арзон!
Оре, ки чу он моҳ бувад бозаргон,
Дидор ба дил фурўшаду бўса ба ҷон!

Ҳамаи ин шаҳодат бар он медиҳад, ки ҳаҷвсароӣ дар адабиёти асри Х хеле ривоҷ доштааст ва маҳз дар ҳамин давра пояи ин навъи шеъри форсу тоҷик гузошта шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ