Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин тарзи тасвири таззодӣ дар асрҳои баъд ривоҷ пайдо кардааст ва аз ҷумла дар як байти машҳури Бедил низ ба назар мерасад :

Як нахуд каллаву сад ман дастор,
Ин каму беш чӣ маъно дорад ?

Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ дар сурудани ашъори ҳаҷвӣ низ маҳорати баланд доштааст, ки абёти боқимондаи ў ба ин шаҳодат медиҳад. Аз Рўдакӣ фақат 9 байти ҳаҷвӣ боқӣ мондааст, ки онҳоро А. Мирзоев мавриди таҳлил қарор дода, чун Саид Нафисӣ ба хулосаи зер омадааст : «Дар ашъори ҳаҷвии Рўдакӣ агар аз як тараф суханони зишту носазо роҳ наёфта бошад, аз тарафи дигар шоир кўшиш кардааст, ки тарафҳои зишту ғайри қабулии одамонро ҳаҷв карда, худро чи навъе ки ҳаст, айнан тасвир намояд». Шоири дигари ин давра, ки дар сурудани ашъори ҳаҷвӣ машҳур аст, Тайёни Марғазӣ мебошад. Эҳтимол ў ашъори зиёди ҳаҷвӣ сурудааст, ки Анварӣ вайро жожхой номидааст :

Табъи Ҳисони Мустафоӣ ку ?
То саноҳои ғамзидой орад.
З-он ки мақбули Мустафо нашавад,
Он чи Тайёни жожхой орад.

Ҳарчанд аз Тайён низ шеърҳои комил боқӣ намондаанд, вале чанд байти парешони ў ҳам аз сабки хоси ҳаҷвнигориаш гувоҳӣ медиҳанд. Дар байти зер шоир рақибро ҳам ба саг ва ҳам ба бўзина монанд кардааст :
Мардум наӣ, эй саг,ба чӣ монад рўят, Чун бузинаӣ, к-ў ба саге боз ҳамонид. Дар абёти ҳаҷвии шоири дигари ин давра Маъруфии Балхӣ баъзе нишонаҳои шабеҳ ба нақди иҷтимоиро метавон мушоҳида кард. Вале азбаски он байтҳо парешонанд, баровардани хулосаҳои қатъӣ мушкил аст. Масалан, дар байти зер ба зиштиву палидии ҳоким ишора шудааст, вале он зиштӣ аз чӣ иборат аст, аз байт маълум намегардад :

Ҳоким омад яке бағизу шабишт,
Ришаке гандаю палидаку зишт. Дар як қитъаи Хусравӣ ҳариф ба гўсфанд монанд шуда, оқибат аз ҷониби сарпарасташ ба ҳалокат расидани ў таъкид мешавад.

пешина
аз 625
навбатӣ