Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боздид аз Ҳисору Кўлоб ва ба хусус зиёрати оромгоҳи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба меҳмонон таассуроти амиқ бахшидаанд.
Муаллифон дар тўли сафари чандрўзаи худ тавонистаанд аз корҳои шоиста ва хидматҳои аввалин сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ нисбат ба фарҳанги тоҷик огоҳ шуда, меҳру муҳаббати мардуми тоҷик ва ба хусус аҳли илму фарҳангро ба ў эҳсос намоянд. Вале дар зимни тасвири мулоқоташон бо масъули вақти Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Душанбе рамзомез сухан ронда, орзуи фаъол гаштани марказ ва беҳтар шудани муносибатҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистонро кардаанд: "Орзу кардем ин дарҳо кушуда ва панҷараҳо боз шавад, бози боз... ва тафоҳуми ройзани мо бо сафирамон бар сари фаҳми фарҳанги Тоҷикистон бештар бошад..." (саҳ. 267).
Ҳадафи аслии ҳар сафарнома тасвиру баёни ҳақиқат аст.
Муаллифони "Аз Ҷайҳун то Вахш" низ саъй кардаанд, ки ин усулро риоят намоянд ва аз баёни ҳақиқат, ҳарчанд ин барои тоифае талху нохушоянд аст, рўй барнатобанд. Яке аз ҳамин гуна ҳақиқатҳои талх, ки дар осори баъзе таърихшиносону мақомоти расмӣ таҳриф мешавад, мақому нуфуси тоҷикон дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва шаҳру навоҳии дигари Ўбекистон аст. Муаллифони сафарнома пас аз зикри мухтасари саргузашти Самарқанди бостонӣ ва нақли далелҳои мўътамад ба чунин натиҷа расидаанд: "Бо вуҷуди ин ҳама фарозу нишеб ва ба рағми ҳокимияти дарозоҳанги туркону ўзбакон бар ин сарзамин то рўзгори султаи Русияи тезорӣ (подшоҳӣ) бар ин диёр тоҷикону форсизабонони Самарқанд ҳувияти фарҳангӣ ва забонии хешро ҳудудан ҳифз карда буданд, то он ҷо ки Радлев – академисияни русӣ дар ҳамон соли 1868, ки шаҳр ба тасарруфи русҳо даромад, "дар маобири Самарқанд ҷуз забони форсӣ нашунида буд". Аммо дар рўзгори Бартолд (ҳудуди 1904) "мардуми он шаҳр ба туркӣ бештар сухан мегуфтанд ва камтар ба форсӣ" (Тоҷикон дар масири таърих, с. 75) саҳ. 87.
Дар ҷойҳои дигари китоб низ аз беадолативу беинсофие, ки ҳангоми тақсимоти маъмуриву миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон содир шудааст, бо дилсўзиву дард сухан меравад. Мулоҳизаҳои муаллифон бар далелҳои қотеъ асос ёфта, барои дарки воқеияти таърихӣ мадад мерасонад: "Сиёсате, ки аз гузаштаҳо ба манзури зарба задан бар куллияти тоҷикони минтақа ба амал омада ва ағлаби шаҳрҳои тоҷикнишин ва дар раъси онҳо Бухорову Самарқандро ҷузви Ўзбакистон кардааст, амалан нақшаи ин кишварро ба сурати камарбанди итминонӣ барои Тоҷикистони феълӣ дароварда ва сабаб шудааст, ки онро дар андаруни худ фурў бифушурад ва роҳи нуфузашро ба сўи ҳамзабонони афғону эрониаш фурў бандад, тақсими нобародаронае, ки тоҷикони норозии тоҷикистон ҳамвора аз он ба унвони "табартақсим" ёд карда ва аз захми ин табар ба шиддат нолидаанд" (р.к.: М.

пешина
аз 625
навбатӣ