Равзанаи адаб

Шакурӣ. Хуросон аст ин ҷо, с. 10 ва 173), саҳ. 182.
Аз сафарнома метавон роҷеъ ба паҳлўҳои гуногуни ҳаёти мардумони Осиёи Миёна маълумоти судманде ба даст овард. Вале чунон ки зикр шуд, таваҷҷўҳи муаллифонро беш аз ҳама ҳаёти фарҳангӣ ва ба хусус илмиву адабӣ ҷалб намудааст. Муаллифон саъй кардаанд, ки падидаҳо ва шахсиятҳои муҳимми фарҳангии хоси ин сарзаминро ҳарчи бештар шарҳу тавзеҳ диҳанд. Аз ҷумла роҷеъ ба аҳволу осори шоири маъруфи туркзабон Алишери Навоӣ, ки дар Ўзбекистон хеле қадрдонӣ мешавад ва бунёдгузори адабиёти ўзбек маҳсуб мегардад, ба таври муфассал сухан ронда, муаллифон инчунин аз хидматҳои ў дар ободонии Машҳад ва бунёди чандин иншооти фарҳангӣ ёд кардаанд.
Ҳамчунин дар сафарнома ба хидматҳои шоир ва донишманди маъруфи он замон Абдураҳмони Ҷомӣ ишора шудааст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки шўҳрату қадршиносии ўро дар миёни ўзбакҳо танҳо дар таҳсилаш дар мадрасаи Улуғбек донистаанд, ки саҳеҳ нест: "Лобуд ўзбакҳо Ҷомиро ба хотири ҳамон чанд соли таҳсил дар мадрасаи Улуғбек аз худашон медонанд ва ин ҳама эҳтиромаш мекунанд" (саҳ. 77).
Тавре ки маълум аст, сабаби асосии мавриди эҳтиром қарор гирифтани Ҷомӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки ў дўст ва устоди Алишери Навоӣ буд.
Дарвоқеъ маҳз Ҷомӣ буд, ки Навоиро ба навиштани осор ба забони туркӣ ташвиқ намуда, дар таълифи бисёр асарҳо ўро роҳнамоӣ ва дастгирӣ кардааст.
Сафарнома бо забону сабки фасеҳу шево ва ширину гуворо ва дар баъзе мавридҳо ҳатто шоирона иншо гардида, осону равон хонда мешавад. Масалан, муаллифон шаҳри Самарқанд ва рўди Зарафшонро бо нигоҳи шоирона чунин ба қалам додаанд: "Инак, ки аз масири Бухоро ва дарвоқеъ ҳамон роҳи Тошканд аз ҳошияи шаҳр пушти сари худро нигоҳ мекунӣ, Самарқандро дар оғўши ду кўҳ мебинӣ, ки аз ду тараф сар ба ҳам ниҳода ва кунҷи хилватеро барои наҷво бо шаҳр тартиб додаанд.
Аз як тараф риштаи дарозу баланди Помир аст, ки пас аз убур аз саросари Тоҷикистон даст бар гардани Самарқанд афканда ва онро воситатулиқди навоҳии тоҷикнишин кардааст ва аз сўе дигар риштае аз шимоли ғарб меояд ва дар шарқи шаҳр сар ба домани Помир мениҳад, мисли Фарҳод, ки барои дидори Ширин сар бар қадами Хусрав мениҳод... Рўди Суғд ё Зарафшони кунунӣ, ки аз дараҳои Зарафшони воқеъ дар шимоли Тоҷикистон сарчашма мегирад, пас аз сероб кардани Панҷакент – зодгоҳи Рўдакӣ – ва ҷонбахшӣ ба даштҳову боғистонҳои ҳаволии Самарқанд ба сўи Бухоро роҳ мекушояд, гўӣ паёми ошнои тоҷиконро дар гўши Самарқандиёну Бухороиён замзама мекунад ва ёди ёри меҳрубонро аз забони Рўдакӣ ба хотири "Ҷўи мўлиён" меандозад"
(саҳ. 83).
Муаллифони сафарнома дар мавридҳои зарурӣ номи баъзе маҳаллу мавзеъҳоро шарҳу тавзеҳ додаанд, ки ин арзиши маърифатии асарро афзудааст. Вале баъзе тавзеҳу пешниҳоди муаллифон баҳсбарангез аст.
Масалан муаллифон дар мавриди номи Каттақўрғон, ки дар байни Самарқанду Бухоро воқеъ аст, андешаи роҳбалади худ Исмоил Бекҷоновро, ки маънии онро "ободӣ бар баландӣ" донистааст, рад намуда, бо Гургони форсӣ муртабит мешуморанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор