Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тасвири масҷиди Бибӣ Хонум, Маҷмўаи Шоҳи зинда, Гўри Мир аз маълумоти "Сафарнома"-и Ибни Батута, "Самария"-и Абўтоҳири Самарқандӣ ва амсоли инҳо истифода шудааст. Вақте сухан аз меҳмоннавозии мардум меравад, муаллифони сафарнома аз "Масоликулмамолик"-и Истахрӣ иқтибос меоранд, ки аз фарохдастиву меҳмондории мардуми Мовароуннаҳр дар замонҳои пешин ҳикоят мекунад. Дар зикри ёдгориҳои таърихии Бухоро низ ба маълумоти "Таърихи Бухоро"-и Наршахӣ, "Чаҳор мақола"-и Низомии Арўзӣ барин сарчашмаҳо истинод шудааст. Ин ҳама ҷанбаи таҳқиқӣ ва арзиши арзиши таърихии сафарномаро афзун намудааст. Воқеан бо ин хусусияташ сафарномаи мавриди назар аз саёҳатномаҳои дигар тафовут дорад.
Пайванди имрўзу дирўз дар саросари сафарнома аз ибтидо то интиҳо ба назар мерасад. Масалан, вақте муаллифон иттилоъ меёбанд, ки роҳбалади онҳо доктор Исмоил Бекҷонов аслан аз аҳли Ҳазораспи Хоразм аст, аз таърихи ин мавзеъ сухан ба миён оварда, аз ашъори шоирони аҳди Султон Санҷари Салчуқӣ, Анвариву Рашидии Ватвот дар бораи он намунаҳо нақл менамоянд.
Муаллифони сафарнома на танҳо аз манобеъи таърихӣ, балки аз осори муҳақкиқони асрҳои охир низ баҳра гирифтаанд. Аз ҷумла дар зимни тасвири расадхонаи Улуғбек пас аз зикри маълумоти "Самария"-и Абутоҳири Самарқандӣ дар бораи вазъи қаблии он аз хидматҳои донишмандони маъруфи рус В.Л. Вяткин ва В.А. Шишкин дар ҳафриёту барқарор кардани ин ёдгории муҳимми илмӣ ёд мешавад.
Дар поёни фасли "Зичи Улуғбек" ҳамчунин ишора мешавад, ки "Улуғбек дар Иттиҳоди Шўравии коммунистӣ бузургтарин мунаҷҷими қуруни вусто ва "амири донишманде, ки тафаккури илмиро бар тафаккури динӣ тарҷеҳ медода" муаррифӣ мешавад. Русҳо чунин вонамуд мекунанд, ки яке аз илали кушта шуданаш бар дасти Мирзо Абдулатиф, фарзанди нохалафаш, ҳамин камэътиқодии ў ба дин будааст.
Зеро муллоҳо ба ў чап афтода ва лобуд фарзандашро ба қатли ў барангехтаанд (Дар кишвари шўроҳо, 275). Оё онҳо мехоҳанд Мирзо Улуғбек шаҳиди роҳи илм ва "галилейи Шарқ" қаламдод гардад? (саҳ.
81). Вале, мутаассифона, ба ин суол дар китоб посухе дода нашудааст ва ҳақиқати масъала барои хонандаи сафарнома ноаён мондааст. Ба назари мо хуб мешуд, ки муаллифон андешаи худро роҷеъ ба масъалаи мазкур баён мекарданд ва воқеиятро равшан менамуданд.
Сафари донишмандони эронӣ дар шароити хеле душвор дар сарзамине сурат гирифтааст, ки "дар ҳоли фурўпошӣ ва интиқол аз як низоми иқтисодии баста ба як марҳила аз иқтисоди бамарзу валанг"
қарор дошт. Аз ин ҷост, ки онҳо сахтиву ранҷҳо кашидаанд ва ҳатто дар роҳи байни Бухорову Каттақўрғон дучори қотеъони тариқ гашта, "бештар аз шашсад ҳазор туман лавозиму амволро аз даст додаанд" (саҳ.
89). Бо ин ҳама онҳо сафари худро бо дилгармӣ идома дода, дар сафарнома таассуроташонро хушбинона қаламдод намудаанд.
Ҳарчанд дар он рўзҳо дар Душанбе барфи зиёде борида, сармои сахте ҳукмрон будааст, меҳмонони эронӣ савораву пиёда ба марказҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ амсоли иттиҳодияи нависандагон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи осори хаттии АИ Тоҷикистон рафтаанд ва бо донишмандону адибони маъруфи тоҷик мулоқотҳо намудаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ