Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яъне дар шарҳи вожаҳо дар мавридҳои зарурӣ таҳлили забоншиносиву зебошинохтӣ ва сабкшиносӣ бо ҳам корбаст мешаванд. Ҳамчунин дар поёни донишнома басомади вожаҳои осори шоир дода мешавад, ки ин барои таҳқиқи қиёсии забони осори адибони дигар ҳам судманд хоҳад буд. Роҷеъ ба ҳамаи сарчашмаҳои дастраси таърихию адабӣ, ки дар онҳо зикри Рўдакӣ рафтааст, маълумот дода мешавад.
Дар бораи аҳволу осори Рўдакӣ муҳаққиқони зиёде асарҳои гуногуни илмӣ ва илмиву оммавӣ офаридаанд, ки роҷеъ ба ҳамаи онҳо ҷой додани мақола дар донишнома имконнопазир аст. Ҳамчунин асарҳо дар сатҳу савияи гуногун эҷод шудаанд. Бинобар ин дар бораи онҳо дар мавридҳои зер мақола дода мешаванд:

  1. Муҳаққиқоне, ки бевосита роҷеъ ба Рўдакӣ китоб таълиф кардаанд (амсоли С.Айнӣ,Саид Нафисӣ, А.Мирзоев, И.С.Брагинский).
  2. Муҳаққиқоне, ки дар зимни асарҳои кулливу ҷамъбастӣ роҷеъ ба Рўдакӣ таваққуф кардаанд (Э.Браун, Шиблии Нўъмонӣ, Забеҳулло Сафо, А.Кримский, Е.Э.Бертелс, А.Баҳоваддинов).
  3. Муҳаққиқоне, ки дар бораи Рўдакӣ беш аз ду мақолаи илмӣ навиштаанд (Ҳ. Эте, Бадеуззамон Фурўзонфар, А.Мухторов, Шафеии Кадканӣ, М.Занд, А.Сатторзода...).
  4. Китобҳои ҷудогона роҷеъ ба Рўдакӣ («Устод Рўдакӣ»-и С.Айнӣ, «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ»-и Саид Нафисӣ, «Абў Абдулло Рўдакӣ»-и А.Мирзоев…).
  5. Мақолаҳое, ки дорои бозёфтҳо, далелҳо ва мулоҳизаҳои тозаи илмӣ мебошанд, сарфи назар аз ҷои чоп («Байте бозёфта аз чакомаи Бухоро»-и Муҳаммадалии Сипонлў, «Ду байти нав аз осори Рўдакӣ»-и С.Шаҳобиддинов…).
    Дар «Донишнома» ҳамаи санадҳои расмӣ дар бораи Рўдакӣ шарҳ дода мешаванд (Қарор «Дар бораи гузаронидани ҷашни 1100-солагии рўзи таваллуди классики бузурги адабиёти тоҷик Рўдакӣ», Амр «Дар бораи ба қуллаи баландиаш 6300-метраи қаторкўҳҳои Дарвоз додани номи Рўдакӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили ҷашни 1150-солагии Абўабдуллоҳ Рўдакӣ»). Дар бораи ҳамаи мутарҷимони осори Рўдакӣ, рассомон, муҷассамасозон, оҳангсозон, сарояндагон, ҳунарпешагон ва ҳунармандони дигар, ки дар робита бо шоир асар офаридаанд, мақолаи ҷудогона дода мешаванд.
пешина
аз 625
навбатӣ