Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҷеъ ба шоире, ки ба Рўдакӣ чанд шеър бахшидааст, мақолаи ҷудогона дода мешавад (Лоиқ Шералӣ, Салими Хатлонӣ).
Вале агар ў дар ин мавзўъ фақат як шеър навишта бошад, ба он шеър мақола бахшида мешавад («Ба Рўдакӣ»-и Фаридуни Ҷунайдӣ, «Дар пояи ҳайкали устод Рўдакӣ»-и Ҷумъа Қувват). Ҳамаи шеърҳое, ки дар пайравии ашъори Рўдакӣ ва ё дар ситоиши Рўдакӣ навишта шудаанд, мавриди таҳлил қарор мегиранд ва ҳусну қубҳи онҳо нишон дода мешаванд.
Дар бораи Рўдакӣ ривоятҳои зиёди халқӣ мавҷуданд, ки онҳо дар мақолаҳои ҷудогона баррасӣ мешаванд.
Дар бораи ҳамаи навъҳои шеърӣ, ки дар осори боқимондаи Рўдакӣ ба назар мерасанд (амсоли ғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ, қитъа ва ғ.), санъатҳои бадеие, ки дар ашъори шоир мустаъмаланд, ҳамаи баҳрҳои вазни арўз, ки истифода шуданд ва истилоҳоти марбут ба арўзу қофия дар ашъори шоир шарҳ дода мешаванд. Дар охири «Донишнома» ҷадвали вазну қофияҳои ашъори боқимондаи Рўдакӣ сабт мегардад.
Рўзномаву маҷалла ва нашриётҳое, ки осори Рўдакиро чоп кардаанд ва ё дар бораи аҳволу осори шоир асарҳо ба табъ расондаанд, дар «Донишнома» ҷой мегиранд (мисли «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Амири Кабир»…)
Ба ин минвол дар «Донишнома» ҳар чи ба Рўдакӣ иртибот дорад, ҷой дода мешавад, то ки хонанда матлаби дилхоҳашро ба осонӣ пайдо намояд.
«Донишномаи Рўдакӣ» агар аз як тараф ба хонандагон барои зуд пайдо кардани иттилои зарурӣ мадад расонад, аз сўи дигар барои муҳаққиқону донишмандон ҷиҳати таҳқиқи амиқу густурдаи аҳволу осори шоир ва умуман рушду тавсиаи рўдакишиносӣ замина муҳайё менамояд.
Умед аст, ки ин асар роҳро барои офаридани донишномаҳои Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Баҳор, Шаҳриёр, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургони илму адаб боз хоҳад кард.

Пайнавишт

пешина
аз 625
навбатӣ