Равзанаи адаб

Саъй мешавад, ки дар мақолаҳо охирин дастовардҳои илмии рўдакишиносии олам истифода шуда, натиҷаи ҷустуҷўҳои илмии донишмандони кишварҳои гуногун ҷамъбаст гардад.
Ҳамчунин баҳс перомуни масоили ҳалношудаи рўдакишиносӣ идома меёбад. Масалан, дар бораи кўрии Рўдакӣ беш аз ҳазор сол аст, ки баҳс давом дорад. Ҳарчанд А.Тоҳирҷонов ин баҳсро то андозае ҷамъбаст намуда, дар асари худ беш аз 70 сафҳаро ба ин масъала бахшидааст ва ба хулосаи қатъӣ омадааст, ки шоир кўри модарзод буд, дар мақолаи ба ин мавзўъ ихтисос дода шуда, баҳс дар сари мавзўи мазкур идома ёфта, фарзияи нав пешниҳод мегардад.
Мақолаи куллии аввал «Абўабдуллоҳ Рўдакӣ» дорои ҳар ду ҷанба--иттилоотӣ ва илмӣ буда, ба таври умумӣ дар бораи аҳволу осори шоир, дараҷаи таҳқиқи ў, мақом ва шўҳраташ маълумот медиҳад. Сипас, мақолаҳо аз рўи тартиби алифбои тоҷикӣ дода мешаванд. Унвони асарҳои муҳаққиқони хориҷӣ дар тарҷумаи тоҷикӣ ва дар сурати зарурат дар қавсайн ба забони асл сабт мегардад. Санаҳои таърихӣ асосан ба солшумории мелодӣ дода мешаванд, вале дар мавридҳои зарурӣ солшумории ҳиҷрӣ низ зикр мегардад. Номҳои таърихиву ҷуғрофӣ дар шакли таърихӣ сабт гардида, дар қавсайн ба шакли кунунии онҳо ишора мешавад.
Масалан, Кеш (Шаҳрисабз), Ҷайҳун (Ому)…
Рўдакӣ на танҳо шоири бузург, балки донишманди барҷаста ҳам буд ва бесабаб нест, ки бо унвони ҳаким машҳур аст.
Инро осори боқимондаи шоир ҳам ба субут мерасонад. Аз ин рў дар «Донишномаи Рўдакӣ» ба шарҳу тавзеҳи истилоҳоти илмҳои гуногун, ба хусус нуҷум, набототшиносӣ, тиб, ҷонваршиносӣ, маъданшиносӣ, фалсафа, фиқҳ ва амсоли онҳо таваҷҷўҳи хос зоҳир мегардад. Ҳамчунин ба вазъи илм дар замони Рўдакӣ таваҷҷўҳ зоҳир гардида, дар бораи илмҳои он давра маълумот дода мешавад.
Нақши Рўдакӣ дар рушду такомули забони порсии дарӣ хеле бузург аст. Ў ва муосирони суханвараш забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки то имрўз идома пайдо карда, хеле кам тағйир ёфтааст. Ба иборати дигар маҳз осори безаволи Рўдакиву Фирдавсӣ ва ҳамасрони онҳо боиси мондагории забони форси тоҷикӣ дар тўли беш аз ҳазор сол шудааст. Бинобар ин дар донишнома ҳамаи калимаҳое, ки дар осори Рўдакӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, шарҳу тавзеҳ дода мешаванд ё саъй мешавад, ки илова бар маънии аслии калимаҳо ба тобишҳои хосси маъноии онҳо дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ, маънои маҷозии калимаҳо, нақши онҳо дар офаридани тасвирҳои бадеӣ, сувари хаёл ва амсоли инҳо низ таваҷҷўҳ зоҳир гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор