Равзанаи адаб

Албатта, ин ҳодисаи номатлуб хилофи шариату меъёрҳои ахлоқии замони мост, вале чунонки Абдулҳусайни Зарринкўб дуруст ишора кардааст, он аз муҳити ахлоқии дарборҳои хилофати араб реша гирифтааст. Ҳадаф аз тавзеҳи ин нукта он аст, ки мутаасифона, ин ҳодисаи нангин дар адабиёти форсизабон ба суннат табдил ёфта, дар асрҳои баъд ривоҷ пайдо кард. Аз ҷумла дар хусуси ривоҷи ин ҳодиса дар адабиёти асри ХУ Эҳсони Ёршотир таваққуф намудааст. Ин нукта аз тарафи дигар далолат бар он мекунад, ки ишқ дар ашъори шоирони асри Х заминиву табиӣ буда, чанбаи воқеии он ба ҳадде қавист, ки ҳатто ҳодисаи номатлубро ҳам инъикос намудааст. Ногуфта намонад, ки ҷанбаи воқеии ашъори ғиноӣ дар садаҳои пасин тадриҷан заиф мегардад ва ҷанбаи зеҳниву тахайюлии он қавӣ мешавад, ки ишқи ирфониву тасаввуфӣ намунаи барҷастаи он аст.
Роҷеъ ба бозтоби ишқи ирфонӣ ва тасаввуфӣ адр ашъори ин давра низ миёни муҳаққиқон ақидаҳои мухталиф мавҷуд аст. А. Мирзоев ду қитъаи Рўдакиро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид менамояд, ки ў дар онҳо «ишораҳои албатта хеле заиф ба ишқи тасаввуфӣ, ишқи илоҳӣ низ кардааст.» Ин ақидаро адабиётшиноси дигари тоҷик Холиқ Мирзозода тавсиа дода, ба таври қотеъ таъкид кардааст : «Назар ба таассуроти динии исломӣ дар назм торафт зиёд шудани ақидаи мистикии тасаввуф (бештар дар шеърҳои Рўдакӣ) мушоҳида мешавад…» Вале барои тақвияти ин андеша далеле намеорад ва дар ҷои дигар боз ишора намудааст : «Асоси таълимоти тасаввуфӣ, ки тарки дунёву нафрат ба моликияти дороён аст, дар адабиёти бадеӣ каму беш акс ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё