Равзанаи адаб

Дар ашъори шоирони ин давра ба хусус дар тағаззулоти онҳо шоҳид васф гардида, ба мард будани он ошкоро ишора ҳам шудааст. Аз ҷумла Лукарии Чангзан дар матлаи тағаззуле навиштааст :
Нигори ман он курди гавҳарписар, Ки зайн асту ҳусн аз қадам то ба сар. Дар худи ҳамин тағаззул ба такрор Лукарӣ писар будани маъшуқро таъйид кардааст :
Ба раҳ кард азм он бути хушхиром, Гиреҳ кард банди сар он хушпсар.
-х- Бурида сару пои он бегунаҳ, Зи молиданаш шодмона писар. Дар ин бора баъзе муҳаққиқон изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла Насрулло Имомӣ навиштааст :
«Сабғаи ғазали музаккар дар ашъори Дақиқӣ боризтар аст, чунонки намудҳое аздари ашъори Рўдакӣ ҳам қобили инкор нест.» Муҳаққиқ маншаи инро «дар масоили иҷтимоӣ ва бофтҳои ҷомеаи он рўзгор» дониста аз тавзеҳи он худдорӣ кардааст. Ваде Абдулҳусайни Зарринкўб ин масъаларо андаке тавзеҳ дода навиштааст: «Дар он чи ба ғазали музаккар марбут аст, ривоҷ ва интишораш махсусан ношӣ аз ин нукта буд, ки дар Бағдод аз аҳди хилофати Муътасим ва дар Хуросон аз даврони ҳукумати Сомониён бардагони хубрўи турк, ғозиёни суғур ва мутавваони дур аз ёру диёрро васваса мекарданд ва баъдҳо касрату вуфури онҳо дар бозорҳои Бағдоду Самарқанд бардаи туркро рамзи маъшуқ ва зебоии вайро намунаи комили ҷамол сохт ва аз маъшуқи дирамхарид он гуна, ки лозимаи як маъшуқи лашкарӣ ҳам ҳаст, турке ҷафокеш, бераҳм ва ҳатто қотили беамон ба вуҷуд овард. Ин турки хубрў, ки дар каломи шоир чашми танги мудаввараш ба наргис ва сурати гирдаш ба моҳи дуҳафта ташбеҳ мешуд, камоли зебоии қобили тасаввурро дар назди шоири ғазалсарои ин адвор дар ҳамин авсоф нақш мезад ва ишқи ўро ҳам табдил ба савдое мекард, ки дар бозори бардафурўшон хариду фурухт мешуд ва пайдост, ки ин гуна ишқе аз ҳадди таманниёти ҷисмонӣ намегузашт.» Абдулғанӣ Мирзоев дар китоби худ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор надодааст, вале аз мулоҳизоташ роҷеъ ба Айёр, ки номи ғулом будани онро қабул накарда, тавсифи бут медонад, пай бурдан душвор нест, ки ин масъаларо нодида гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё