Равзанаи адаб

дўст медорад ва зиндагиро бе ў бемаъниву беҳуда мешуморад :
В-ар маро бе ёр бояд зистан, Зиндагонӣ кош, ё раб, нестӣ. Бо он ки маъшуқ бераҳму ҷафокор аст ва ба ҳоли ошиқ раҳме надорад, дилбастагии ў кам намешавад ва ҳусни маъшуқро мояи ифтихори худ медонад :
Фахри раҳӣ бидон ду сияҳ чашмакони туст, К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад. Ошиқ аз васли маъшуқ бархўрдор аст ва зиндагиро бе ў тасаввур намекунад. Аз ин ҷост, ки бо эҳсосу шўри зиёд ба маъшуқ хитоб менамояд :
Бе рўи ту хуршеди ҷаҳонсўз мабод, Ҳам бе ту чароғи оламафрўз мабод.
Бо васли ту кас чу ман бадомўз мабод, Рўзе, ки туро набинам, он рўз мабод. Вале дар олами ишқ аз ҳиҷрон ҷои гурез нест ва чунон ки Хусравонӣ таъкид мекунад, дарёи ишқ аз наҳанги ҳиҷрон холӣ намебошад :
Наҳангест ҳиҷрони дарёи ишқ, Ба дарё бувад ҷовидона наҳанг. Ҳарчанд ошиқ аз ранҷу азоби ишқ ҳоли ногувор дорад ва аз ҷон сер шудааст, вале аз ғами ҳиҷрони ў шод аст ва шиквае намекунад :
Бо он ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст, Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст.
Андеша кунам ҳар шабу гўям: «Ё раб, Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст ?» Ҳамин тавр ошиқ дар ин давра ҳарчанд ранҷуру ситамкаш аст, вале аз висолу хушиҳои ишқ низ бебаҳра нест ва мисли ошиқи қарнҳои баъд дар заифиву нотавонӣ ва маъюсиву нокомӣ ба ҳадди тафрит намерасад.
Масъалаи дигаре, ки дар робита ба мавзўи ишқ бояд зикр намуд, он аст, ки дар шеъри асри Х баъзан музаккар будани маъшуқро метавон мушоҳида кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё