Равзанаи адаб

Ҳалқаи ҷаъдат ҳама қасидаи долӣ.
-х-
Зулфайни баршикаставу қадди санавбарӣ,
Зери ду зулфи ҷаъдаш дар хатти анбарӣ.
-х-
Зулфат ҳаме бипечаду бо ман бадӣ кунад,
Нашгифт агар бипечад ҳар к-ў кунад бадӣ.
Ба ин узви дилрабои маъшуқ таваҷҷўҳи бештар зоҳир кардани шоирон бесабаб нест. Зеро он агар аз як тараф зинатбахши ҳусни маъшуқ бошад, аз тарафи дигар баёнгари ҳолати рўҳиии ошиқ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар асрҳои баъд низ тавсифи зулф дар ашъори шоирон мавқеи калон пайдо кард ва ба як образи маъмули шеъри форсу тоҷик табдил ёфта, маъниҳои гуногунро ифода намуд.
Чунон ки аз мисолҳои нақлшуда ҳам бармеояд, маъшуқ дар ашъори шоирони қарни Х зоҳиран хеле зебову дилрабост, вале ботинан сангиндилу номеҳрубон аст ва «дўзахкеш» буда, ба ошиқ ҷавру ҷафо мекунад. Инро таҳқиқи басомадии ховаршиноси маъруф Муҳаммаднурӣ Усмонов ҳам ба субут мерасонад. Ў ба чунин хулоса омадааст, ки «маъшуқ дар шеъри қарнҳои 1Х-Х зеборухи бераҳм ва бевафову маккор аст, қаҳрамони лирикии(ошиқи) дар муқобили бедодгарии ў комилан беҳуқуқро таҳқир мекунад».
Вале бар хилофи ин Зайнулобидини Мўътаман ба натиҷаи зер расидааст, ки наметавон ба он розӣ шуд:
«Маъшуқ дар давраи Сомониён ва Ғазнавиён мамлук ва дар давраи муғул худовандгори ошиқ буд».
Ин ҷо иштибоҳ ба назари мо аз он сар задаст, ки муҳаққиқ маъшуқи шоирони қарнҳои Х ва Х1-ро яксон донистааст. Дар ҳоле ки адабиёти ин асрҳо дар баробари умумиятҳо тафовут низ доранд ва онҳоро як давра донистан дуруст нест.
Ошиқ дар ашъори шоирони асри Х нисбат ба маъшуқ содиқу вафодор буда, ўро бо тамомӣ ҳастӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё