Равзанаи адаб

Ин маънӣ дар шеъри Рўдакӣ, ки бо мисраи «Ба сарои сипанҷ меҳмонро» (шурўъ) шудааст, ифода гардидааст.» Вале дар қитъаи ишора кардаи ў ба назари мо андешаи ахлоқии Рўдакӣ ба таври ошкоро ҳатто бидуни ороишу суханпардозӣ баён шудааст:
Ба сарои сипанҷ меҳмонро Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок андарун-т бояд хуфт, Гарчи акнун-т хоб бар дебост.
Бо касон буданат чи суд кунад ?
Ки ба гўр андарун шудан танҳост.
Ёри ту зери хок мўру магас, Чашм бикшо, бубин: кунун пайдост Он ки зулфайну гесўят пирост, Гарчи динор ё дирам-ш баҳост.
Чун туро дид зардгуна шуда, Сард гардад дилаш, на нобиност. Шоир дар қитъаи мазкур ҳирсу тамаъро мазамммат намуда, ба ҷамъ кардани мол машғул нашуданро талқин кардааст. Ин андешаи маъмулии ахлоқӣ, ки имрўз ҳам миёни мардум роиҷ аст, на ба тасаввуф, балки ба ҳикмати амалӣ мансуб аст.
Бинобар ин ҳоло роҷеъ ба робитаи Рўдакӣ ба тасаввуф ҳукми қатъӣ кардан душвор аст. Зеро аз осори боқимондаи ў ҳанўз далели қотеъ дар ин масъала ба даст наёмадааст.
Дар осори бозмондаи Кисоии Марвазӣ низ, ки Х. Мирзозода ўро аз «пайравони ақидаи диниву тасаввуфӣ» донистааст, на андешаҳои тасаввуфӣ ба назар мерасад, балки бозтоби равшани масъалаҳои фалсафиву диниро метавон мушоҳида кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё