ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Нишонаҳои бемории сил инҳоянд:
– сулфаи давомноки зиёда аз 2 ҳафта;
– камшавии вазн;
– заифии бадан (бемадорӣ);
– таби на он қадар баланд (то 37, 90 С);
– арақкунии шабона;
– камшавии иштиҳо;
– дарди қафаси сина;
– хунтуфкунӣ.
Ҳангоми пайдо шудани чунин аломатҳои беморӣ ҳатман бояд ба муассисаи тиббии ҷойи зист муроҷиат кард.
Пешгирии бемории сил. Пешгирӣ – ин маҷмўи чорабиниҳост, ки риоя кардани онҳо ба паст шудани хавфи сироят ба бемории сил мусоидат мекунад. Чунин пешгириҳо тавсия дода мешавад:
- Сари вақт муроҷиат кардан ба духтур: Ташхиси саривақтии беморӣ ва таъмини пурраи муҳлати табобат, хавфи сироятёбии атрофиёнро кам мегардонад.
- Риояи ҳатми қоидаҳои санитарию гигиенӣ: Ҳавои хонаро зуд-зуд бо воситаи кушодани дару тиреза шамол дода, ҳавояшро тоза кардан зарур аст, фарш ва токчаҳоро бо латтаи тар пок карда, зарфҳои алоҳида ва ҷойхоби алоҳидаро истифода бурдан ва ғайраҳо. Дар дастакҳои дар, панҷараи зинаҳо, дар дастқаппакҳои воситаҳои нақлиёт, дар қоғазҳои пулӣ миллионҳо бактерияҳо, аз ҷумла микробҳои бемории сил мавҷуд аст, ки аз онҳо эҳтиёт бояд шуд.
- Пурқувват кардани қувваи худмуҳофизатии бадан:
Истифодаи хўроки дуруст (хўроки серғизо, аз витаминҳо, сафедаҳо ва моддаҳои минералӣ бой). Шир ва гўшти хомро истеъмол накардан, чунки тавассути онҳо аз ҳайвони бемор ба организми инсон микробҳои бемориовар ворид мешавад.
Обу тоб додани бадани кўдакон дар синни хурдсолӣ имкон медиҳад, ки қувваи қобили муҳофизати организми онҳо мустаҳкам шавад ва муқобилияти он ба бемории сил фаъол бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё