Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§17. БЕМОРИИ СИЛ ВА ПЕШГИРИИ ОН
Сил – бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микробактерияи сил мебошад, ки онро чўбчамикроби КОХ (бо номи олиме, ки онро 24.03.1882 кашф кардааст) гузоштаанд.
Манбаи асосии сироят шахси бемории сили шуш мебошад, ки ў ҳангоми сулфа, атса ва ё туф кардани балғам ва ҳатто ҳангоми гап задан чўбчамикробро ба муҳити атроф хориҷ мекунад ва шахси солим аз ин ҳаво нафас кашида сироят меёбад. Ҳатто баъди хушк шудани балғам қатраҳои он бо чангу ғубор табдил ёфта, ба фарши хона ё ба рўйи ашёи гуногуни дар ҳуҷра мавҷудбуда ҷойгир мешаванд ва то 1 сол ҳаёт ба сар мебаранд. Микроби бемории сил на танҳо бо воситаи чангу ғубор, балки ба воситаи зарф, сару либос, сачоқ ва дигар ашё, ки аз он шахси бемор истифода бурдааст, ба организми инсон ворид мешавад. Яъне роҳи асосии сироят ин роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ мебошад.
Аз ҳама бештар ба бемории сил шуш гирифтор мешавад, вале намудҳои сили ғайришушӣ низ мавҷуданд: сили гурда, сутунмуҳра, устухон ва ғайра. Як бемори сили шуши микробхориҷкунанда дар як сол метавонад, 10-15 нафарро сироят кунад.

пешина
аз 80
навбатӣ