Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§16. БЕМОРИИ РОҲҲОИ
НАФАСКАШӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

Агар шумо бемории зуком, дарди гулў, дарди гўш, сулфа ва таби баланд дошта бошед, сарчашмаи он шамолхўрӣ мебошад. Аломатҳои ин беморӣ: нафаскашӣ аз бинӣ душвор мешавад, гўш зардоб мегирад, гулў дард мекунад, сулфа пайдо мешавад, ҳарорати бадан баланд мешавад, беиштиҳоӣ, сустии ҷисм, қафаси сина кашиш хўрда, нафаскашӣ вазнин мешавад ва ғайра.
Дар ин ҳолат бояд чӣ кор кард?
– ба бемор бештар хўроки серғизо додан зарур аст;
– бештар нўшокӣ: чой, оби ҷўшида, шарбати мева додан лозим аст;
– беморро дар хонаи гарму тоза ва барҳаво нигоҳ бояд дошт;
– беморро либоси гарм ва мувофиқ бояд пўшонд;
– барои паст шудани таб бадани беморро бо оби ширгарм 1-2 дақиқа молидан лозим аст;
– бо тавсияи духтур доруи парасетамол додан лозим аст;
– бо пилта, ки аз матои мулоим тайёр карда шудааст, биниро тоза кардан ё намакоб чаконидан лозим аст;
– бо пилтаи хушк зардоби гўшро тоза бояд кард;
– шири гарм нўшонидан лозим аст;
– сари вақт ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Бемории шамолхўриро пешгирӣ кардан мумкин аст.
Кўдак бояд сари вақт эм карда шавад ва падару модар ба ин бояд ҳатман диққат диҳанд. Мувофиқи мавсими сол либос пўшидан ва баданро бо варзиш, молиш, ҳавохўрӣ обутоб додан лозим аст. Хонаро доимо бо латтаи нам тоза карда, аз чангу ғубор ва дуд нигоҳ доштан – усули хуби пешгирӣ аз ин беморӣ аст. Даҳону биниро бо рўймоли докагӣ бастан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми атса ва сулфа даҳону биниро бо рўймолча пўшонидан аҳамияти калон дорад.

пешина
аз 80
навбатӣ