ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

§15. БЕМОРИИ ДОМАНА ВА ПЕШГИРИИ ОН
Домана бемории хавфноки сирояткунанда буда, хоси фақат инсон аст. Паҳнкунандаи ин беморӣ микроби самонелла буда, ба муҳити атроф тавассути пешоб ва ахлоти беморон ва ё шахсони пеш ба ин беморӣ гирифторшуда, вале то ҳол дар вуҷуди худ чунин микробро дошта мебошад.
Нишонаҳои аввалини ин беморӣ бемадорӣ, дарди сар, басташавии иштиҳо, таби баланд мебошад.
Роҳҳои сироятёбии инсон ба ин беморӣ инҳо мебошанд:
Агар шахс пас аз қазои ҳоҷат дастҳояшро бо собун нашўяд ва бо дастони ифлос ба ашёи рўзгор, маводи хўрока расад, ба ин беморӣ гирифтор мешавад ва дигаронро низ сироят мекунад.
Пашшаҳо низ паҳнкунандаи бемории домана мебошанд.
Тавассути обҳои ифлос низ ин беморӣ паҳн мешавад.
Хусусан, агар дар назди манбаи об ифлосиҳо, ҳоҷатхонаҳо, ахлотҷойхо, мағзоба бошад ва ин оби ифлос дар шустушўӣ сару либос, зарфҳои хўрокхўрӣ ва дигар корҳо истифода бурда шавад, боиси паҳн шудани бемории домана дар байни аҳолӣ мешавад.
Нўшидани оби ҷўйбору канал, оби наҷўшонда, кўҳнашуда зарар дорад ва ба ин беморӣ гирифтор мекунад.
Бинобар ин, бояд ҳар як хонанда дар зарфҳои полиэтиленӣ оби ҷушонидашударо хунук карда барои нўшидан ба мактаб барад, ё дар мактаб хонандагон бо оби нўшокии тоза таъмин карда шаванд.
Дар хона низ бояд ҳамеша барои нўшидан оби тозаи ҷўшонидашуда бошад ва онро мунтазам иваз кардан шарт аст. Ҳамеша пас аз қазои ҳоҷат ва пеш аз истеъмоли хўрок дастонро бо собун бояд шуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё