Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Ҳамчунин барои ҳимоя кардан аз ҳамлаи хомўшакҳо кашидани пардаи турӣ дар тирезаҳо, истифодаи пашшахонаҳо дар рўйи ҳавлӣ ва дар вақти сафар тавсия дода мешавад. Аммо бояд дар назар дошт, ки пашшахонаҳои турӣ ё аз дока дўхташуда нағз овезон нашуда бошад, ё ягон сурохӣ дошта бошад ва ё як қисми бадани одаим дар вақти хоб рафтан ба пашшахона ҷафс бошад, онҳо метавонанд аз болои тур неш зананд ва одамро сироят кунанд. Истифодаи пашшахонаҳои заҳролудшуда низ одамро аз хомўшакҳо хуб муҳофизат мекунанд.
Дар вақти сафар кардан ба минтақаҳои эндемикӣ ва сайру саёҳат дар минтақаҳое, ки миқдори зиёди интиқоли бемории вараҷа мавҷуд аст, пўшидани либосҳои остиндарозу шалворҳои дароз хусусан дар вақти шом ва шабона тавсия дода мешавад. Бояд қайд кард, ки хомўшакҳо бештар ба пойҳо неш мезананд, чунки пойҳо нисбат ба дастҳо кам ҳассосанд ва нешзании хомўшакҳо кам ҳис карда мешавад.
Хулоса, мубориза бар зидди бемории вараҷа ва пешгирии он вазифаи на танҳо коркунони тиб, балки вазифаи дастаҷамъии аҳолӣ ва ҳар як шаҳрванд аст.

пешина
аз 80
навбатӣ