ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Сироятёбӣ ба кирмҳо чунин аломатҳо дорад:
аз иштиҳо мондан;
дарди шикам;
хориш дар маъқад;
ғиҷирроси дандонҳо дар хоб;
рафтани оби даҳон дар вақти хоб;
худро бад ҳис кардан.
Ҳама, хусусан бачагон ин қоидаҳоро бояд риоя кунанд:
Барои пешгирӣ намудани сироятёбӣ ба кирмҳои гирд ва тасмашакл ҳамаи мева ва сабзавотро пеш аз хўрдан бо оби тоза ва безарар бишўед.
Барои об додан ба сабзавот обро набояд аз обанборҳои ифлос ва сарчашмаҳои сироятшуда истифода баред.
Дар зери буттаҳо, дар назди ҷуйбору обанборҳо ва дар назди хона ва мактаб қазои ҳоҷат кардан мумкин нест, чунки гуноҳ аст.
Мардуми маҳалла ва мактабҳо бояд ҳоҷатхонаҳои ба талаботи санитарӣ ҷавобгў дошта бошанд.
Мардуми шаҳру деҳот бояд бо сарчашмаҳои тозаи оби нўшокӣ таъмин бошанд.
Бачагони хурдсол ва наврасон баъди рафтан ба ҳоҷатхона, баъди бозӣ кардан бо хок, ҳайвонот, пеш аз хўрдани хўрок ҳатман дасташонро бо собун бишўянд.
§14. ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВАРАҶА
Вараҷа ба гурўҳи бемориҳои сирояткунанда мансуб буда, барангезандаи он нешзании хомўшакҳои вараҷаовар мебошанд. Ҳангоми ба бемории вараҷа гирифтор шудан, аломатҳои табларзаи даврӣ, камхунӣ, калоншавии ҷигару испурч ба назар мерасад.
Дар айни замон дар дунё 500 намуди хомўшакҳо мавҷуданд, ки 100 намудашон паҳнкунандаи асосии бемории вараҷа мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 намуди хомўшакҳои вараҷаовар ба қайд гирифта шуда, се намуди он паҳнкунандаи асосии бемории вараҷа ба ҳисоб мераванд.
Хомўшакҳои вараҷаовар одатан дар обҳои нимгарми тозаи ором ва рустанидор тухм мегузоранд. Инчунин обҳои лаби дарё, заҳбурҳо, ҷўйборҳо, майдонҳои шолӣ, ҳавзҳои на он қадар калони сунъӣ, ки дар хоҷагиҳо истифода мебаранд, (ҳавзҳо, кўлмакҳо), баъзан зарфҳои калон барои нигоҳ доштани об ва ҷойҳое, ки дар он ҷо об ҷамъ мешавад (чоҳҳо, чуқуриҳо, ҷўйчаҳо) ҷойҳои тухмгузории хомўшакҳои вараҷаовар буда метавонанд.
Роҳҳои пешгирӣ аз бемории вараҷа инҳоянд:
– нест кардани обанборҳои нодаркор;
– сохтани заҳбурҳо ва дар ҳолати хубу тоза нигоҳ доштани онҳо;
– дар ҳолати хуб нигоҳ доштани системаҳои обёрикунӣ, тоза кардани каналҳо ва ҳавзҳо аз рустаниҳо;
– ҳамворкунии соҳилҳо ва мунтазам тоза кардани соҳили обанборҳо аз рустаниҳои обӣ ва дигар рустаниҳо;
– риояи реҷаи истифодабарии заминҳои шолӣ ва реҷаи обёрии онҳо;
– ба роҳ мондани истифодаи қубурҳои обгузар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё