Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Оби ифлоси ошомиданӣ, сатҳи пасти тозагӣ ва набудани одатҳои беҳдошт сабаби пайдоиши қариб 80% бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои домана, вабо, шикамдард ва ғайра буда метавонад.
Истифодаи оби безараргардонидашуда ва тозагӣ бо ҳам робитаи мустаҳкам доранд. Мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки истеъмоли оби безарари нўшиданӣ ва риояи тозагӣ фавти кўдаконро то 50% кам мекунад.
Вазифаи асосии беҳдошт аз он иборат аст, ки саломатии инсонро муҳофизат кунад. Мафҳуми беҳдошт маънои васеъ дорад.
Тозагӣ як ҷузъи тарбия аст ва маданияту маданиятнокии маҳз аз тозагӣ сар мешавад. Хонандае, ки аз хурдсолӣ ба тозагӣ одат кардааст, пас аз ба воя расидан, ҳеҷ гоҳ худро чиркину ифлос нигоҳ намедорад. Ин гуна бачаҳо пайваста баҳри тозаю озода нигоҳ доштани сару тан, пойафзол, асбобҳои хониш, хонаву ҳавлӣ, мактабу варзишгоҳ қувва ба харҷ медиҳанд, чунки онҳоро аз хурдсолиашон волидон, мураббиён, омўзгорон ва дўстону наздиконашон ба ин чиз одат кунонидаанд.
Омўхтани талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар хурдсолӣ ба кас имконият медиҳад, ки дар ҳаёт ҳамеша тозаю озода бошад. Шахсе, ки мехоҳад доимо тозаю озода ва зебо бошад, ҳамарўза ба тозагии либос, сару рўй, ҷойи хоб, хонаю ҳавлӣ, косаву табақ, чойнику пиёлаи худ аҳамият медиҳад.
Риояи талабот ба тозагӣ корест мушкил, вале он иҷрошаванда аст. Нигоҳ доштани тозагӣ аз кас вақт ва корро талаб мекунад. Тозагӣ боз як хислати хуб дорад; шахсе, ки ба тозагӣ аҳамият медиҳад, ҳама кас ва ҳама ҷоро тозаву озода дидан мехоҳад.
Бо дастони ношуста хўрок хурдан, меваю сабзавотро ношуста истеъмол кардан, оби нўшокиро ноҷушонида нўшидан зарар дорад. Барои он ки бемориҳои сирояткунанда паҳн нашаванд, мо хурду калон бояд парҳезкор бошем, ба гигиенаи шахсӣ эътибори ҷиддӣ бидиҳем ва гуфтаҳои табибонро аз таҳти дил иҷро кунем.

пешина
аз 80
навбатӣ