ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Дандонҳои носолим ва пўсида ҳам барои худи шахс ва ҳам барои дигарон нофорам аст.
Истифодаи рўймолча ҳангоми сулфа кардан ва атса задан зарур буда, наврасон бояд донанад, ки ҳангоми сулфа кардан ва ё атса задан аз ҳалқ микробҳои зиёд ҷудо мешаванд, ки онҳо барои дигарон хатар доранд.
Тозагии шахсӣ масъалаҳои тозагии зиндагиро низ дар бар мегирад. Дар дараҷаи аввал тоза нигоҳ доштани ҳавои ҷойи зист, тозагии курпаву болин, ташкил кардани шароити муътадил барои хоб ва дамгирӣ хеле муҳим аст. Ҷойпўшҳоро бояд дар як ҳафта як бор иваз кард.
Ба тозагии либос бояд ҳар рўз аҳамият дод, чунки либоси тозаю озод на танҳо ба худи шахс фараҳ мебахшад, балки ба дигарон низ хуш меояд. Хусусан, тоза нигоҳ доштани пойафзол хеле муҳим аст.
Аз тозагии хўрок низ саломатии шумо ва аҳли оилаи шумо вобаста аст. Пас аз хўрдани хўрок дегу табақро фавран шустан ва барои хушкшавӣ ба баландӣ гузоштан, хўроки шабмондаи гандашударо истеъмол накардан, меваю сабзавотро пеш аз истеъмол бо оби тоза ду-се бор шустан, ғизоро ҳамеша дар зарфи рўйпўшдор нигоҳ доштан барои саломатӣ хеле муҳим аст.
Омўзгор, калонсолон бояд ба омилҳои асосие, ки ба саломатии бача таъсир мерасонад ва роҳҳое, ки барои муҳофизати саломатӣ мусоидат мекунанд, эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Хонандаи азаз, дар синфи 3 дар бораи талаботи беҳдошти шахсӣ тасаввурот пайдо карда будӣ, акнун дар синфи 4 бо ин қоидаҳо чуқуртар ошно мешавӣ.
§3. ТОЗАГӢ – ОИНАИ ҲАЁТ
Тозагӣ чист? Тозагӣ ё ин ки санитария ҳамаи он чизҳоест,
ки саломатии мову шуморо муҳофизат мекунад. Тозагӣ,
яъне санитария аз калимаи лотинии “Sanitas” гирифта
шуда, саломатиро мефаҳмонад. Чаро тозагӣ хеле муҳим аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё