ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агар пўст муддати дароз шуста нашавад, дар он чирк ҷамъ мешавад ва аз ҳисоби ин пўст ифлосу дағал мешавад ва бадан нафас кашида наметавонад. Гоҳе дар натиҷаи ин бемориҳои пўст:
ба монанди хоришак ва ҳар гуна захмҳо пайдо мешаванд.
Илова бар ин одами чиркин ва ифлос ба атрофиён нофорам аст. Барои шустушўй об, собун, сачоқ хеле заруранд. Сачоқ бояд дар сари мех овехта шуда бошад. Аввал дастонро бо собун ду-се бор шуста баъд бо дастони тоза рўй, гардан ва гўшҳоро шустан лозим аст. Баъди шустушўй бо сачоқи тозаю хушк баданро пок кардан лозим аст.
Пеш аз хоб пойҳоро ҳатман шустан лозим аст, чунки пўсти пой бештар арақ мекунад ва ифлосиро ба худ мегирад, ки дар натиҷаи ин метавонад бемориҳои замбуруғӣ пайдо шавад.
Баданро агар имкон бошад, дар як рўз як маротиба дар таги душ шустан лозим аст. Агар имкон набошад, дар як ҳафта ҳатман як маротиба баданро бо оби гарм ва собун шуста либоси тоза пўшидан зарур аст.
Мўйҳоро хеле бодиққат бояд шуст, чунки дар қабати онҳо равған, чирк ва чангу гард бисёр ҷамъ мешавад.
Нохунҳои даст ва пой ба нигоҳубин ниёз доранд. Дар як ҳафта як бор нохунҳоро паст кардан зарур аст, чунки дар таги онҳо чирк ҷамъ мешавад ва онро тоза кардан мушкил аст. Нохунҳои чиркин хоси одамон нопок, ифлос ва бесомон мебошад. Ҳеҷ гоҳ нохунҳоро хоидан мумкин нест.
Хусусан, ба тозагии даст эътибор додан зарур аст, чунки дастони мо амалҳои зиёдро иҷро мекунанд. Бо воистаи онҳо мо бо дигар одамон салом мекунем, хўрок мепазем, хўрок мехўрем ва умуман ҳама корҳоро бо воситаи даст иҷро мекунем, бинобар ин тоза нигоҳ доштани онҳо барои худи мо ва дигарон хеле муҳим аст.
Тоза нигоҳ доштани дандонҳо масъалаи хеле муҳим буда, саломатии мо аз онҳо вобаста аст. Солимии дандонҳо ба кайфият, қиёфа ва рафтори инсон таъсир мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё