ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ аввалан, барои сиҳату саомат ҳаёт ба сар бурдан, дуюм барои зебою фараҳбахш гузаштани зиндагонӣ зарур аст.
ДУ МАГАС
Ду магас бо ҳам вохўрданд. Яке хурсанд буду дигаре ғамгин.
Ту аз чӣ ғамгинӣ? – пурсид магаси хурсанд аз магаси ғамгин.
Ман гуруснаам, – ғингос зада гуфт магаси ғамгин ва пурсид:
Ту аз чӣ хурсандӣ?
Ман дар хона писаракеро дидам, ки мураббо мехўрд,– гуфт магаси хурсанд. Ба назарам писараки нағз намуд. Калонсолон барин бахил не. Мурабборо бе мо, худаш танҳо намехўрад, моро киш намегўяд, вай албатта мерезонад, мечаконад, ба сару рўяш мемолад ё баъди хўрдан пиёларо намешўяд. Мехоҳам, ки воқеаро ба ҳамаи магасҳо бирасонаму онҳо ба он хона рафта мураббо бихўранд. Ту ҳам зуд парида рав.
Магаси ғамгин ҳам хурсанд шуд...
Беҳуда хурсандӣ мекунанд магасҳо! Зафарҷон хурдакак бошад ҳам, беақл нест. Вай мурабборо намерезонад, намечаконад, ба сару рўяш намемолад! Пиёларо тоза мешўяду ба тоқча мемонад ва ба офтобрў баромада бозӣ мекунад.
Азизи Азиз §4.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё