Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вой ба ҳоли мо, ки лаънаткардаи халқ ва рондаҳои ватанем. Алвидоъ!»
Моҳира мактубро таҳ карда гуфт:
— Инаш ҳам маълум шуд. Вале ман ба дигар чиз ҳайрон. Асбобҳои мушоҳида дар Чобук будани ҳаётро чаро қайд намекунанд? Маълум шуд, ки дигарон онро оби яклухт пиндошта, се ҷинояткорро ғарқ карданӣ шудаанд. Маълумотҳои мо ҳам Чобукро аввал лӯндаи об ба қалам медод.
— Дар таърихи кайҳоншиносӣ ин гуна иштибоҳҳо кам рӯй надодаанд, — фаҳмонд Илҳом, дасти ноаёни худро ба китфи Моҳира ниҳода.
– Масалан дар асри бистум киштии мушоҳидаи амрикоиҳо ба атрофи Миррих парида, онро беосори зиндагӣ эълон карда буд. Баъд худи ҳамон киштиро ба гирди замин сар дода, асбобҳои мушоҳидаро ба кор андохтанд. Чӣ мегӯйӣ, ки он киштӣ «дар Замин ҳам ҳаёт нест» гӯён хабар додааст. Ба ақидаи ман, қитъаи Чобук сонӣ — ягон миллион сол пеш пайдо шудааст. Ин сайёра аввал, ба ростӣ, сар то по аз уқёнус иборат будагӣ.
— Инро ба кадом асос мегӯйӣ? — пурсид Моҳира.
— Ба ҳамин асос, ки — баланд шуд овози Илҳом, — ин ҷо ҳатто дар харсангҳои болои кӯҳ осори фауна ва флораи уқёнус дида мешавад.
Дараҷаи дониши паст ва ҷаҳонбинии танги сокинонаш низ ба ин шаҳодат медиҳад. Онҳо турфа гӯлу гумроҳ ва аҷаб тарсончаканд...

пешина
аз 50
навбатӣ